(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Иҷлосия навбатии маҷлиси вакилони шаҳри Хуҷанд баргузор гардидИмрӯз дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум баргузор гардид.
Дар он иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз, муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ширкат намуданд.
Иҷлосияро муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умедахон Муродӣ ифтитоҳ намуда, ба маълумоти вакилон ва иштирокдорони иҷлосия расонд, ки аз 39 нафар вакилон 34 нафар ҳозиранд, ки барои оғози кори ҷаласа имконият медиҳад.
Баъди тасдиқи ҳайати котибот ва рӯзномаи иҷлосия, ки иборат аз 8 масъала буд, намояндагони мардум ба баррасии масъалаи якуми рўзнома «Оид ба рафти иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2016, АП 681 “Дар бораи шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умеда Муродӣ баромад намуд.
Зимни баромади хеш Умеда Муродӣ қайд намуд, ки дар озмуни бештар 60 ҳавлию биноҳои баландошёна, 22 маҳалла ва 42 оила ширкат намуд. Дар ин замина тибқи низомнома ҳайати комисияи шаҳри беҳтаринҳоро муқаррар намудааст, ки онҳо довталаби асосӣ барои ширкат дар озмуни ҷумҳуриявӣ ба ҳисоб мераванд.
Баъди музокираи масъалаи номбурда вакилон ба баррасии масъалаи дуюми рўзнома «Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд «Оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ»» гузаштанд.
Аз рўи масъалаи мазкур сухан дар назди ҳозирон раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Назокат Ёрматова баромад намуд. Сипас доири масъалаи навбатии иҷлосия «Оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ» мудири бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, котиби комиссияи номгузорӣ ва ивази номи иншоотҳои таърихию ҷуғрофии шаҳри Хуҷанд
Кибриё Ҷӯраева баромад намуда хулосаи комиссияи номгузории мақомоти маҳаллиро доири иваз номгузорӣ намудани яке аз кӯчаҳои маҳалла “Чашмаи арзана” ба номи Неъматбой Нурматов ва кӯчаи маҳаллаи “Ваҳдат” ба номи “Хубҷамъ” пешниҳод намуд. Иҷлосия навбатии маҷлиси вакилони шаҳри Хуҷанд баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд ҳамчунин лоиҳаи қарорро «Дар бораи аз таркиби корхонаву муассисаҳои коммуналӣ баровардани биноҳо» тасдиқ намуда, ба баррасии масъалаи шашуми рўзнома «Дар бораи пешбарии номзад ба узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази узви хориҷшуда» гузаштанд.
Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд мутобиқи моддаҳои 8 ва 14-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» барои ташкил ва гузаронидани овоздиҳии пинҳонӣ оиди пешбарӣ намудани номзад ба узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии “Суғд” №2 комиссияи ҳисобӣ иборат аз панҷ нафарро интихоб намуданд.
Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии «Дӯстӣ», № 25 Иноҷон Аминов пешниҳод намуд, ки Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло номзад ба узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии пешбарӣ карда шавад.
Чуноне, ки комиссияи ҳисобӣ баъди баргузории овоздиҳии пинҳонӣ эълон намуд аз 34 нафар вакилони маҷлиси шаҳрӣ бо аксарияти овозҳо ҷонибдории худро аз пешниҳоди мазкур изҳор намуданд. Ҳамин тавр бо қарори иҷлосяи мазкур ҶӮразода Ҷамшед Ҳабибулло ба аъзогии Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи № 2 “Суғд” пешбарӣ карда шуд.
Сипас маҷлис як қаторр қарорҳои Раиси шаҳри Хуҷандро тасдиқ намуд. Ҳамчунин раисикунандаи маҷлис Умедахон Муродӣ муовини аввали Раиси шаҳр Хайрулло Ғайбуллозода, муовини Раиси шаҳр Раҳим Солизода ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр Толибҷон Бобоевро муаррифӣ намуда аз номи вакилони халқ ба онҳо баҳри иҷрои вазифаи пурмасъулияташон муваффақият хост. Дар назди ҳозирон муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ баромад намуд.
Дар интиҳо бо вазифагузориҳои Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд ба кори худ анҷом дод.