(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Шариф Шарифзода Файз раиси Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон интихоб шудДар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Шӯрои шаҳри Хуҷандии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор гардид.
Кори он таҳти рёсати муовини раиси шаҳр Муродӣ Умедахон Бурҳонзода гузашт. Мавсуф қабл аз оғози ҷаласа ҳозиринро аз фавти ходими давлатию ҷамъиятӣ, нахуст президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳор Махкамов дар синни 84 солгӣ хабардор карда, таклиф намуд, ки хотираи некаш бо лаҳзае оромӣ пос дошта шавад.
Нахуст масъалаи ташкилӣ баррасӣ шуд. Раиси Шӯрои шаҳрӣ Раҷаббой Аҳмадзода бинобар гузаштан ба кори дигар аз вазифаи раиси Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон озод ва ба ҷойи ӯ Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода Файз бо як овоз интихоб шуд. Баъдан, Муродӣ Умедахон Бурҳонзода аз фаъолияти кунунии Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ҳарф зада изҳор дошт, ки Шӯрои шаҳрӣ аз оғози соли равон бо мақсади таҳкими Ваҳдати миллӣ дар тамоми кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр, минтақаҳои истифодадиҳии манзил, ташкилоту корхонаҳо, муассисаҳои таълимию фарҳангӣ ва тандурустии шаҳр дар мавзӯҳои мубрами ҳаёти ҷомеа вохӯриву мулоқотҳо, сӯҳбатҳои «мизи мудаввар» доир намуд. Дар ин  вохӯриву мулоқотҳо аъзои Шӯрои вилоятӣ ва шаҳрӣ - олимон, адибон ва муаллимони ботаҷрибаи макотиби олии шаҳр  баромад карда, ғояҳои ваҳдат ва худшиносии миллиро тарғиб ва ташвиқ намуданд.
Дар идомаи суханрониаш маърӯзачӣ оид ба корҳои иҷрошуда дар самти тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чорабиниҳо бахшида ба 23-юмин солгарди Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Модар, 71-умин солгарди Ғалабаи халқи советӣ аз болои Германияи фашистӣ ҳарф зада, гуфт, ки кулли чорабиниҳо характери тарғибкунандаи Ваҳдати миллӣ ва дӯстиву рафоқат доштанд.
Дар музокира муовини якуми раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон профессор Абдуҷалил Бобокалонов баромад карда, нақши калидии Ваҳдати миллиро дар таҳкими давлатдорӣ, рушди босуботи иқтисодиёт ва баландбардории сатҳи некӯаҳволии мардум махсус таъкид кард. Ӯ аз баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ-раъйпурсии умумихалқӣ ёдовар шуда, гуфт, ки овоз додани 94,5 фисади иштирокчиёни ин маърака ба ҷонибдории ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурӣ далели ҳамдилию ҳамраъйии сокинони кишвар аст.
Фикру мулоҳизаҳои худро ҳамчунин дар бораи фаъолоияти Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон раиси шӯъбаи Суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, яке аз ташкилкунандагони Ҳаракат профессор Атахон Сайфуллоев, собиқадори Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон профессор Ваҳоб Набиев ва дигарон баён доштанд.
Қайд гардид, ки таҳкими фаъолияти Шӯрои шаҳрӣ метавонад пеш аз ҳама дар таҳкими дӯстии халқҳо, рушди соҳҳои хоҷагии халқи шаҳр ва нисбати дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 19-мин солгарди Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлоляити давлатӣ мусоидат намояд.
Бо ҳамин ҷаласаи навбатии Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон анҷом ёфт.