(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Машварати кории Раиси шаҳрСубҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода  бо иштироки муовинони худ, сардорони шӯъбаҳо, роҳбарони сохторҳои МИҲД шаҳр ва раисони кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр машварати корӣ доир намуд.
Дар рафти он иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳр аз рӯи нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар семоҳаи авали соли равон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Раиси шаҳр Шариф Шарифзода нахуст аз муовини худ оид ба саноат Солизода Раҳим Рашидӣ оид ба истифода додани 20 корхонаи нав ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурсон шуд. Маълум гардид, то имрӯз ҳамагӣ 7 корхонаи нав ба фаъолият шурӯъ карда, то рӯзҳои ҷашн бояд боз 13 адад коргоҳҳои нав ба фаъолият оғоз  намоянд. Шариф Шарифзода ёдовар шуд, ки то рӯзи ҷашн моҳҳои башумор боқӣ мондаанд, ки вақтро бояд ғанимат шуморид. Машварати кории Раиси шаҳрРаиси шаҳр аз сардори шӯъбаи молияи шаҳр  Абдусалом Бобоҷонов ва муовини сардори Нозироти андоз дар шаҳри Хучанд Холис Исломиддинов оид ба рафти иҷрои ҷамъоварии маблағи буҷет пурсиш ба амал оварда, аз иҷро нагардидани нақшаи ҷамъоварии андозҳо дар моҳи май изҳори нигаронӣ намуд. Маълум гардид, ки нақшаи 5 моҳи аввалисоли равон иҷро шуда бошад ҳам, аммо нақшаи моҳи май ба андозаи 95,8% иҷро шудааст.
Дар машварати кори Раиси шаҳр ҳамчунин сухан дар бораи ободонӣ ва дар ҳолати тозаву озода нигоҳ доштани микроноҳияҳо сухан рафт:
-Маҳаллаҳои аҳолнишини соҳили чап ободу тоза бошанд ҳам, аммо, байни биноҳои истиқоматии баландошёна нободанд, -гуфт Раиси шаҳр Шариф Шарифзода,- бинобар ин ҳам комбинати ободонӣ ва идораи хоҷагии коммуналии шаҳрро зарур аст, ки баҳри ислоҳи вазъият кӯшиш ба харҷ дода шавад.
Дигар аз масъалае, ки мавриди баррасии машварат қарор дода шуд, масъалаи зиёд гаравида шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои харакетри экстремистӣ дошта, риоя нагардидани либоспӯшии миллӣ аз тарафи занону духтарони шаҳр буд. Бобати ин масъала низ Раиси шаҳр ба фаъолияти шӯъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД шаҳр эрод гирифт. Хусусан, саривақт пешниҳод нагардидани оилаи беҳтарин ба даври озмуни ҷумҳуриявӣ мӯҷиби эроди ҷиддии Раиси шаҳр Шариф Шарифзода шуд.
Раиси шаҳр зикр намуд, ки «Соли роҳҳои обод» идома дорад. Бинобар ин ҳам танҳо ба умеди МИҲД нагардида, шахсони хайрхоҳу соҳибкоронро низ дарёфт кард, то ки дар таъмиру мумфарш намудани кӯчаҳо ёри расонанд. То имрӯз дар қаламрави шаҳр ҳамагӣ ба масофаи 300 метр дар маҳаллаи «Баҳор» кӯча мумфарш карда шудаасту халос.
Ҳамзамон дар ҷаласа аз корбарии на чадон хуби шӯъбаву сохторҳои алоҳидаи МИҲД шаҳр сухан рафт. Масалан, таи чанд муддат аст, ки ба МИҲД шаҳр шаҳрванд Гавҳар Аҳмадова худро аз оилаи камбизоат муаррифӣ намуда, муроҷиат мекунад, то ки барояш дар таъмиру сохтмони бинояш кӯмак расонида шавад. Маълум гардид,ки мавсуф аз рӯи мақоли халқии «Даст деҳ, аз оринҷат медорад» амал кардааст. Санҷиш нишон дод, ки вай аз оилаи камбизоат набуда, балки аз ҳамсараш якчанд ҳавлиҳои дабдабанок ба мерос гирифта будааст. Эроди раиси шаҳр аз масъулони қабул ин буд, ки вазъи феълии ин занро насанҷида ҳар маротибаи омаданаш барояш варақаи қабул кушода ба қабули Раиси шаҳр мефиристанд.
Дар машварати корӣ чанд эродҳо нисбати корбарӣ дар соҳаи маорифи шаҳр низ гирифта шуд. Ҳамчунин ба тозагӣ риоя накардани соҳибони нуқтаҳои савдо дар мавзеи беморхонаи вилоятӣ мӯҷиби эроди ҷиддии шаҳр ба масъули соҳаи тандурустии шаҳр гардид. Ба кулли сохторҳое, ки ба фаъолияташон аз тарафи Раиси шаҳр эрод гирифта шуд, мӯҳлат муқаррар гардид, то ки камбудиҳоро ислоҳ намоянд ва ахбороти хаттӣ пешниҳод карда шавад.
Машварати кории Раиси шаҳр Шариф Шарифзода бо вазифагузориҳо анҷом ёфт.