(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мулоқоти Раиси шаҳри Хуҷанд бо сафири Ҷумҳурии БелоруссияИмрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода сафири фавқулодда ва ваколатадори Ҷумҳурии Белорусия дар Тоҷикистон Иванов Олег Николаевичро ба ҳузур пазируфт.
Зимни сӯҳбат, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум гузашт, сафир аз нақшаву ниятҳои худ, ки навтаъин аст, оид ба рушди ҳамкориҳои мутқобилан судманди ду ҷумҳурӣ, хусусан бародаршаҳрҳо- Хуҷанду Могилёв сухан ронда, гуфт, ки бояд ҳамкориҳо тақвият ёбанд ва рушд намоянд. Зеро, имкониятҳои ҷумҳурии Белорусия хусусан дар таъсиси корхонаҳои муштараки саноати мошинсозӣ ва кишоварзӣ басо калон аст. Мавсуф ҳамзамон ёдовар шуд, ки мавқеи Сарварони ду кишвар- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Белорусия Александр Лукашенко нисбати таҳким бахшидани дӯстиву бародарии халқҳои точику белорус басо мустаҳкам буда, зарур аст, ки нисбати мустаҳкам намудани пояҳои ин дӯстӣ бояд ҳамкориҳо дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ҳарду кишвар рушд ёбанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шакрифзода меҳмони белорусиро хайрамақдам гуфта, аз имкониятҳои мавҷуда нисбати ба роҳ мондани ҳамкориҳо сухан ронд. Ӯ гуфт, ки бо вуҷуди Хуҷанду Могилёв бародаршаҳр будан, ҳанӯз вазъи ҳамкориҳои мутақобилан судман дилхоҳ нест, барои тақвияти он бояд кӯшиш ба харҷ дода шавад.
Шариф Шарифзода махсусан рушди соҳаи саноатро дар шаҳр зикр карда, гуфт, ки имрӯз 8000 соҳибкорон ба ин соҳа таваҷҷӯҳи калон зоҳир намуда, даҳҳо корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли масолеҳи сохтмониву маишӣ таъсис додаанд ва фаъолияташон назаррас мебошад. Дар ҳолати таъсиси корхонаҳои мушатарак оид ба истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ ҳарду ҷониб метавонанд ба дастовардҳои назаррас ноил шаванд. Зеро, дар кишвари мо ашёи хоми асосӣ-нахи пахта фаровон аст. Ӯ барои  мисол КМ «Ҷавонӣ» -ро овард, ки маҳсулоти истеҳсолмекардаи ин коргоҳ аз ашёи хоми табии буда, дар бисёр кишварҳои ҷаҳон ба таври фаровон ба фурӯш меравад.
Дар мулоқот ҳамчунин сухан дар бораи тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои гуногуни хочагии халқ, истифодаи лизинг сухан рафт.
Ҷонибҳо аҳд намуданд, ки рӯзҳои наздик гурӯҳи соҳибкорони белорус ба Хуҷанд ташриф оварда, оиди ба роҳ мондани ҳамкориҳо ба таври дақиқ корбарӣ хоҳанд кард.
Дар охир чун эҳтироми мизбониву меҳмонӣ ҷонибҳо ба якдигар тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд. Дар мулоқот муовини Раиси шаҳр Солизода Раҳим Рашидӣ ба ҳайси сарпарасти соҳаи саноат дар шаҳр иштирок намуд.