(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Хурсандии кӯдакон ҳадду ҳудуд надоштСубҳи имрӯз бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдакон чорабинии идона дар боғчаи бачагонаи №26 шаҳри Хуҷанд чорабинии идона баргузор гардид. Бояд тазаккур дод, ки дар ин боғча баробари дигар кӯдакон гурӯҳҳои махсус низ амал мекунад. Дар ин муассиса 10 нафар кӯдакони узви шунавоиашон суст ва 20 нафар маъюбони модарзод тарбия мегиранд, ки гурӯҳи дуюмиро Ташкилоти ҷамъиятии «Манбаъи меҳр» ба зери парастории худ гирифта, ин тоифаро аз рӯи барномаи махсус тарбияву табобат мекунад.
Ба самъи кӯдакону мураббиягон номаи табрикотии Раиси шаҳр Шариф Шарифзода ба муносибатит Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро мудири бахши Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии МИҲД шаҳр Камолҷон Комилов расонида изҳор дошт, ки ғамхорӣ ва дастгирии кӯдакон аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки ин сиёсати дар қаламрави вилояту шаҳр собитқадамон татбиқ мешавад. Ба тифлакон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Дастурхони пурнозу неъмати идонаи МИҲД-и шаҳр ва шахсони хайрхоҳ, суруду таронаҳои дилангез ба иди кӯдакон шукӯҳу шаҳомати тоза бахшид.