(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мусобиқаи варзишии наврасон бахшида ба Рӯзи кӯдакон.Бо иқдом ва дастгирии Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон имрӯз мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба намуди бокс байни варзишгарони синну соли 2000-2001, 2002-2003, 2004-2005 дар толори варзишии «Ҷашнӣ» оғоз гардид.
Мақсад аз баргузории мусобиқа ин тарғиби намуди варзиши бокс ва тарзи ҳаёти солим байни наврасону ҷавонон, мутаҳкам намудани дӯстӣ байни онҳо ва баланд бардоштани маҳорати варзишии наврасону ҷавонон мебошад.
Дар расми ифтитоҳи мусобиқа иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ширкат намуда, қабл аз ҳама кӯдакону наврасон-иштирокдорони ин мусобиқаро бо Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон муборакбод гуфта, ба варзишгарони наврас барору комёбиҳои варзишӣ таманно намуд. Лозим ба ёдоварист,ки мусобиқаи кушоди мазкур боксчиёни наврасро аз  вилояти Хатлон,  шаҳрҳои Душанбе, Исфара, Конибодом, Гулистон, Истқлол, Бӯстон ва Хуҷанд ҳамчунин аз ноҳияҳои Спитамену Ашт ба ҳам овард, Назар ба маълумоти  созмондиҳандагони чорабинӣ теъдоди умумии иштирокчиён-варзишгарони  ин мусобиқа бештар аз 250 нафарро ташкил медиҳад.
Дар қисмати ифтитоҳии  мусобиқа тарбиятгирандагони кӯдакистони № 11 ва хонандагони мактаби хусусии «Кавсар» барномаи фарҳангии кӯдакона намоиш доданд.
Мусобиқа тибқи қоидаҳои тасдиқнамудаи АИБА бо тарзи системаи олипӣ гузаронида шуда, аз 30 май то 2 июни соли 2016 идома меёбад. Тибқи Низомномаи тасдиқгардида дар он варзишгарони синну соли 2000-2001 аз рӯи вазнҳои 36кг, 46кг, 48кг, 50кг, 52кг, 57кг, 70кг, 75кг, варзишгарони синну соли 2002-2003 аз рӯи вазнҳои 30кг, 34кг, 36кг, 45кг, 49кг, 52кг, 55кг, 64.5кг ва варзишгарони синну соли 2004-2005 аз рӯи вазнҳои 26кг, 28кг, 30кг иштирок менамоянд.