(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Мулоқот дар маҳаллаи «1 май»

Бо мақсади ошноии бо ҳаёти мардуми маҳаллаҳо ва таҳкими робитаи бевоситаи сокинон бо роҳбарияти шаҳрдорӣ силсилаи мулоқоту вохӯриҳои иҷрокунандаии вазифаи  Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз дар маҳаллаҳо идома дорад. Чунин як мулоқоти навбатӣ бо сокинони маҳаллаи «1 май» дар мактаби таҳсилоти умумии № 26 баргузор гардид.
Мулоқотро бо сухани ифтитоҳӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз оғоз намуда, мақсади баргузории мулоқотро амалӣ намудани нишондиҳандаҳои Паёми Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки ҷиҳати амалӣ намудани нишондодҳои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Сарвари кишвар дар шаҳри Хуҷанд самтҳои гуногуни хоҷагии халқ бемайлон рушд мекунад. Дар ин замина қарору нишондодҳои Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаю тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ шуда, имрӯзҳо татбиқи он вусъати тоза гирифта истодааст. Ҳамзамон  Шарифзода Шариф Файз иштироки фаъолонаи сокинони маркази вилоятро дар маъракаи сиёсӣ- раъйпурсии умумихалқӣ, ки санаи 22 май барпо зикр намуд.
Баъдан саволу ҷавоби Раиси шаҳр бо сокинони ин маҳалла сурат гирифт.
Аз ҷумла Бобоҷонова Р.- истиқоматкунандаи хиёбони Р.Набиев оиди оғоз нагардидани бинои истиқоматии баландошёна дар хиёбони зикргардида, Солибоева- истиқоматкунандаи кӯчаи Фрунзе 41 оиди таъмири роҳи кӯчаи Фрунзе, Тошматов А.- истиқоматкунандаи кӯчаи Фирдавсӣ 90 оиди гузоштани аломати роҳ дар кӯчаи Фирдавсӣ, М Бобоҷонов- истиқоматкунандаи маҳаллаи “1-Май” оиди масъалаи маблағи партов ба Раиси шаҳр саволу дархостҳои худро пешниҳод намуданд.
Дар охир иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Шарифзода Шариф Файз баромад намуда, қайд намуд, ки дар пеш баргузории чорабинии муҳими сиёсӣ, ҷашни бузурги миллат- 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Дар замина шаҳрдори Хуҷанд қайд намуд, ки барои дар сатҳи баланд гузаштани ин чорабиниҳо омодагии ҳамаҷониба дида шуда, бобати иштироки фаъолона ва гирифтани ҷойи сазовор дар соли ҷорӣ,ки  соли маҳалла, деҳа ва шаҳраки беҳтарин эълон шудааст камари ҳиммат баста, дар ин мусобиқа ҳар як сокини маҳалла бояд саҳми арзандаи худро гузорад. Инчунин Шарифзода Шариф Файз ба ҳозирон муроҷиат намуда даъват намуд, ки дар оянда низ яке аз вазифаҳои ҷонии мардуми мо тарбия намудани фарзандон дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, худшиносиву худогоҳӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва эҳёи анъанаҳои хуби тоҷикон мебошад.