(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Сокинони шаҳри Хуҷанд дар райпурсӣ фаъолона иштирок доранд.Имрӯз аз субҳи барвақт дар шаҳри Хуҷанд баргузории раъйпурсии умумихалқӣ дар ҳамаи участкаҳои раъйдиҳӣ ҷараён гирифт.
Дар тамоми 64 участкаҳои райдиҳӣ соати 06:00 участкаҳои райпурсии барои ворид намудани тағироту иловаҳо маркази вилоят фаъолияти худро оғоз намуданд. Дар шаҳри Хуҷанд 102 ҳазору 811 нафар шаҳрвандони райдиҳанда ба қайд гирифта шудаанд, ки ин шумора ду ҳазору 504 нафар дар чунин маъракаи сиёсӣ бори аввал ширкат мекунанд.
Дар маҷмӯъ, имрӯз баҳри баргузории раъйдиҳии умумихалқӣ дар 22 маҳаллаи шаҳри Хуҷанд 64 участкаи раъйдиҳӣ ташкил шуда, барои фаъолияти ҳайати комиссияи райпурсӣ ва баргузории ин чорабинӣ тамоми шароитҳо фароҳам оварда шуда аст.
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз яке аз аввалинҳо шуда ба участкаи райдиҳии № 12 ҳозир шуда, дар райпурсӣ ширкат намуд. Қобили қайд аст,ки аз теъдоди умумии участкаҳои раъйпурсй 5 участка дар қисмҳои ҳарбй ва 2 участка дар беморхона ҷойгир шудааст.
Ба ҳайати комиссияи ҳавзавии раъйпурсии “Хуҷанд” №26  аз 5 ҳизби сиёсӣ ҲХДТ, ҲАТ, ҲСТ, ҲКТ, ҲИИТ ва иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Хуҷанд шомиланд.
Назар ба маълумоти комиссияи ҳавзавии райпурсии шаҳри Хуҷанд соати 14:00 84,1% райдиҳанда  ширкат намуданд.