(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Иштироки фаъолонаи сокинони маҳаллаи Тиллокон дар раъйпурсӣЧун дигар минтақаҳои шаҳри Хуҷанд дар маҳаллаи Тиллокони шаҳр низ теъдоде аз сокинон аз субҳи барвақт бо дарки баланди масъулиятшиносӣ барои иштирок дар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба участкаи раъйпурсии рақами 51 ҳозир шуданд.
Ба иттилои раиси участкаи мазкур Орифҷон Умаров барои баргузории раъйпурсӣ тамоми шароит мавҷуд буда, сокинон бо рӯҳияи баланд дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок намуда истодаанд. То ба ҳол - соати 9-51 дақиқаи маҳаллӣ беш аз 400 нафар сокинон дар ин участка раъй додаанд ва ташрифи шаҳрвандон барои иштирок дар раъйпурсӣ идома дорад. Дар участкаи мазкур 2769 нафар раъйдиҳандагон ба қайд гирифта шудаанд.