(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Озмуни «Ҳамширагони беҳтарин» баргузор гардид.Тибқи нақша чорабиниҳои «20 рӯзи ҷавонӣ» ва таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат ва муҳофизони дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!» ва Рӯзи ҳамширагони тиб дар толори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд озмуни «Ҳамширагони беҳтарин» баргузор гардид.
Озмуни мазкур байни донишҷӯёни бахши 1-уми шӯъбаҳои кори умумитиббӣ, корӣ момодоягӣ ва кори ҳамширагии  ин муассисаи таълимӣ доир карда шуд. Дар ин озмун се даста,- дастаи «Тибби оилавӣ», «Флоренс Найтингел» ва «Меҳри модар» байни ҳам аз рӯи шартҳои «Саломномаҳои дастаҳо», «Шиносоӣ бо дастаҳо» ва «Эмбелемаҳо» мусобиқа намуданд. Иштирокдорони озмун,- дастаҳо тибқи низомнома маҳорати худро дар қироати шеър, саволу ҷавоби байни дастаҳо, намоиши саҳнача ва корҳои амалӣ ба ҳозирон ва ҳайати ҳакамон намоиш доданд. Озмуни «Ҳамширагони беҳтарин» баргузор гардид.Дар ниҳояти чорабинӣ дар ҷои сеюм дастаи «Флоренс Найтингел» шуъбаи кори ҳамширагӣ, дар ҷойи дуюм дастаи «Меҳри модар» шуъбаи кори момодоягӣ қаоро гирифтанд. Ғолибият ва ҷойи якумро дастаи «Тибби оилавӣ» шӯъбаи кори умумитиббӣ соҳиб гаштанд.
Ба ғолибони озмуни мазкур диплом ва тӯфаҳои хотиравии Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд таъсинамуда тақдим карда шуд.