(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Табрикоти Раиси шаҳр бахшида ба рӯзи ШашмақомҲамшаҳриёни арҷманд!
Ҳар кишварро бо фарҳанги қадиму пешрафтааш мешиносанду баҳо медиҳанд. Боиси ифтихор аст, ки дар партави сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳаи фарҳанги кишвар пайваста рушд ёфта, эҳтиром ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, анъанаву ҳунарҳои мардумӣ, санъату мусиқӣ, ҳамчунин ба эҷодиёти бадеии халқ, ки аз садсолаҳо сарчашма мегирад, торафт баландтар мегардад.
Фарҳанги ҳар диёр-муаррифгари ҳастии миллат, забон, урфу одат, анъана, адабиёт ва санъати он миллат аст.
Дар хазинаи мусиқии халқи тоҷик, санъати «Шашмақом» пурқиматтарин дурдона аст. Шашмақом яке аз намудҳои олии суруди тоҷик буда, аз оҳанги мақомҳояш ҷону руҳи инсон ҳаловат менамояд. Ин санъати бузурги пурҷозибаро ҳазорон ромишгарону сарояндагон давоми асрҳо сайқал дода, қавитар гардондаанд.
Шоҳасари мусиқии халқи тоҷик «Шашмақом» садсолаҳо аз дил ба дил роҳ ёфта, давоми қарнҳо аз насл ба насл ҳамчун мероси беназир расидааст. Имрӯзҳо низ ансамбли шашмақомхонон дар тарщибу ташвиқ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани ин санъати  бебаҳо хизмати шоиста карда истодаанд.
Кормандони соҳаи фарҳанг, мухлисону дӯстдорони «Шашмақом»-ро бо Рӯзи «Шашмақом» табрик намуда, барояшон саодати зиндагӣ, хонаободӣ, сарбаландӣ ва комёбиҳои нав ба навро таманно менамоям.