(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Аксияи ҷавонони Хуҷанд «Аз тағиру иловаҳо ба Конститутсия ҷонибдорӣ менамоем!»Дар доираи чорабиниҳо бахшида Бахшида ба Рӯзи ҷавонони ва баргузории райпурсии умумхалқӣ барои ворид намудани тағироту иловаҳо ба Конститутсияи кишвар шоми рӯзи гузашта дар майдони Театри мазҳака-мусиқии ба номи К Хуҷандӣ аксияи онони шаҳри Хуҷанд таҳти шиори «Аз тағиру иловаҳо ба Конститутсия ҷонибдорӣ менамоем!» баргузор гардид.
Дар аксияи ҷонибдорӣ ҷавононифаъоли шаҳр, донишҷӯён, олимони ҷавон ва аъзоёну фаъолони Шӯрои Иттифоқи ҷавонони шаҳри Хуҷанд ҳамчунин сокинони маркази вилоят ширкат намуданд. Дар баробари намоиши барномаи консертии устодони санъат ва ҳунармандони гурӯҳҳои рақсӣ, ҷавонони шаҳр дар назди иштирокдорони ин ҳамоиш баромад намуда аз кулли ҷавонони шаҳр ва мардуми он даъват ба амал оварданд, ки санаи 22 май ба участкаҳои райдиҳӣ рафта ба ҷонибдории тағироту иловаҳои пешниҳодгашта овоз диҳанд.Аксияи ҷавонони Хуҷанд «Аз тағиру иловаҳо ба Конститутсия ҷонибдорӣ менамоем!»
Ҳозирон бо шиорҳои «Аз тағироту иловаҳо ба Конститутсия ҷонибдорӣ мекунем!», «Ҷавонон ояндасози миллатанд» дар ин аксияи пуршукӯҳ шаҳомати хоса мебахшиданд.