(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Баҳри солимии ҷомеа: Армуғони идонаЧун варзиш омили саломатии миллат маҳсуб мешавад, таваҷҷӯҳи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди варзиш ва ҷалби ҳарчӣ бештари шаҳрвандон ба тарбияи ҷисмонӣ ва бо ин васила ба камол расонидани насли солим бештар мегардад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баҳри иҷрои дастуру супоришоти Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода дар ин самт тадбирҳои судманд меандешад. Ин аст, ки аз оғози соли равон дар шаҳр, бахусус дар байни биноҳои истиқоматии баландошёна 6 майдончаи варзишӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Баҳри солимии ҷомеа: Армуғони идонаСанаи 31-уми май ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо иқдоми наҷиби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва дастгирии ҶСП «Сомон-Суғд» ва ҶСП «Автосервис» дар назди биноҳои баландошёнаи рақамҳои 2, 3, 6 ва 7-уми микроноҳияи 34-уми шаҳр, ки 320 оила ё худ наздик 600 нафарро муттаҳид менамоянд, майдончаи варзишии замонавӣ сохта, пешниҳоди истиқоматкунандагон, бахусус, кӯдакон, насли наврас ва ҷавонон гардонида шуд.

Ба ин хотир Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ба ин макони зебову дилфиреб омада, нахуст ҷамъомадагон-сокинони маҳалла, аз ҷумла, кӯдакону наврасонро бо Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон Баҳри солимии ҷомеа: Армуғони идонатабрик намуд ва қайд кард, ки то охири соли ҷорӣ шумораи чунин майдончаҳои варзишӣ ба 20 адад расонида мешавад.

Директори генералии ҶСП «Сомон-Суғд» Мадёр Вадудов ва истиқоматкунандаи маҳалла Юсуфҷон Ҷумъабоев низ сухан карда, сохта ба истифода дода шудани майдончаи варзиширо дар арафаи иди кӯдакон нек арзёбӣ намуданд.

Бояд гуфт, ки дар ин амали нек саҳми намояндаи мардумӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, директори генералии ҶСП «Автосервис» Музаффар Атохонов назаррас аст.

Баҳри солимии ҷомеа: Армуғони идонаМинбаъд кӯдакон, наврасон ва ҷавонони биноҳои номбурда метавонанд дар ин майдон, ки бо тамоми лавозимоти варзишӣ муҷаҳҳаз аст, аз рӯи намудҳои мухталифи варзиш, бахусус, волейбол, баскетбол, турник машғул шуда, ба тарзи ҳаёти солим замина гузоранд.

Дар ин рӯз бо ташаббуси МИҲД-и шаҳр ҳамзамон, хатнатӯйи 10 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд гузаронида шуд, ки Раиси шаҳр Раҷаббой Каримов ва М.Вадудов ба ҳар яки онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ, аз қабили аробача ва бозичаҳои бачагона тақдим намуданд.