(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мусобиқаи варзишӣ дар муассисаи таълимии ҳарбӣБахшида ба 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети № 4 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишӣ байни кормандони ҳайати шахсӣ ва курсантҳои ин муассисаи таълимии ҳарбӣ аз рӯи намудҳои футбол, бандкашӣ, вазнкашӣ ва давидан ба масофаи 100м баргузор гардид. Мақсади чорабиниро масъулин баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тарбияи ахлоқӣ ва маънавии курсантон, тайёр намудани курсантон барои хизмат ба халқу Ватан, санҷиши донишу малакаи касбии онҳо арзёбӣ менамоянд.
Мусобиқа давоми 10 рӯз идома ёфта, дар ниҳояти ин чорабинии варзишӣ ғолибият аз рӯи натиҷаи инфиродӣ ва даставӣ муқаррар карда шуд.
Дар мусобиқаи футбол ғолибият насиби дастаи «Кормандони факултет» гардид. Дар ҷойҳои дуюму сеюм дастаҳои «Курси тайёрии ибтидоӣ» ва «Курсантони курси чорум» қарор гирифтанд. Дар намуди мусобиқаи «Бандкашӣ» ҷойи якумро дастаи «Курсантони курси якум», ҷойи дуюмро дастаи «Курсантони курси чорум» ва ҷойи сеюмро бошад дастаи «Курсантони курси сеюм» ишғол намуданд.
Дар намуди давиданд ба масофаи 100м натиҷаи аз ҳама беҳтарро Меҳрон Давлатбеков нишон дод. Аз рӯи натиҷаҳои ба дастовардаи худ Саидзода Сӯҳроб ва Раҳимов Раҳим мутаносибан ҷойҳои дуюму сеюмро ишғол намуданд. Дар сабқати вазнкашӣ ҷойи аввалро Ёдиев Давлатшоҳ ҷойи дуюмро Авеззода Саидшариф ва ҷойи сеюмро Ғафуров Далер соҳиб гаштанд.
Ҳамаи ғолибони мусобиқа бо Кубок, медал, ифтихорнома ва бо тӯҳфаҳои хотиравӣ бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд қадрдонӣ шуданд.
аз санаҳои 19 то 30 апрели соли ҷорӣ тибқи нақша чорабиниҳои таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикситон ки дар он ҳамаи кормандони ҳайати шахсӣ ва курсантони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикситон иштирок намуданд.