(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Шариф Шарифзода: «Мардумро ба зебопарстӣ ва ободкорӣ даъват намоед.»Дар масҷиди марказии шаҳри Хуҷанд бо дастгири Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд семинари омӯзишӣ барои ходимон ва роҳбарони муассисаҳои динии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар оғози кори семинар иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ширкат намуда, доири фаъолияти имрӯзаи ходимони дин ва вазифаҳои имрӯзаи онҳо изҳори назар намуд.
«Мардуми мо бояд имрӯз аз имкониятҳои мавҷуда,ки барои фаъоляти ташкилотҳои динӣ, ва мӯътақидон фароҳам оварда шудааст дар доираи қонунҳои амалкунанда ва бо назардошти манфиатҳои миллию ватанӣ истифода баранд.
Имрӯз сиёсати Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он нинаронида шудааст, ки ходимони дини мубини Ислом тарғиби арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои имрӯзаи кишвар бошанд. Мо ҳангоми андешидани тадбирҳои боло бурдани маърифати сокинон  ва корҳои созандагию ободкорӣ ба ходимони дин такя мекунем,зеро ин амалҳо боиси иҷро гаштани ҳам фарзҳои динӣ ва ҳам одоби шаҳрдорӣ аст»,- зикр намуд  Шарифзода Шариф Файз.
Семинари мазкур давоми се рӯз идома ёфта, ба 60 нафар иштирокчиёни семинар мавзӯи муносибатҳои ҳуқуқии  ташкилотҳои динӣ бо давлат, санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ, корҳои маъмурӣ ва кор бо ҳуҷҷатҳо тибқи талаботи қонун ва ғайра аз ҷониби масъулини сохторҳои қудратӣ ва идораҳои давлатӣ омӯзонда мешавад.
То имрӯз дар маркази вилоят панҷ масҷиди ҷомеъ ва 38 масҷидҳои панҷвақта амал мекунад.