(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt

Ҳамшаҳриёни азиз, иштирокчиёни бартарафсозии садамаи мудҳиши Чернобил!
Санаи 26 апрели соли 1986 бар асари садама дар яке аз агрегатҳои Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил ҳодисаи мудҳише ба вуқӯъ пайваст, ки бар асари он дар якчанд давлатҳои ҷаҳон ифлосшавии радиатсионӣ мушоҳида шуда, аксари аҳолии ҳамшафат зарар диданд.
Мутаасифона бо вуҷуди он, ки аз ин ҳодисаи мудҳиш 30 сол сипарӣ шуда бошад, ҳам вале доғу осори он то ҳол дар ҳаёту фаъолияти иштирокчиёни бартарафкунии ин садама аз байн нарафтааст.
Ҷиҳати бартараф намудани ин ҳодисаи мудҳиш аз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла, аз шаҳри Хуҷанд низ 120 нафар ҷавонмардон бо  ҳисси баланди ватандӯстӣ барои анҷом додани ин амали башардӯстона ширкат варзиданд. Онҳо собит намуданд, ки барояшон амнияти аҳли башар, ободии Ватан ва дӯстии халқҳо арзиши бебаҳо аст. Бар асари оқибатҳои ин садама даҳҳо  нафари онҳо ба бемории радиатсионӣ гирифтор шуда, баъзеашон бармаҳал аз ҳаёт рафтанд. Хотираи неки ин фарзандони  ҷоннисори Ватан  дар дилу дидаи мо абадӣ боқӣ хоҳад монд.
Соли 2001 бо муроҷиати роҳбарони Иттиҳоди давлатҳои мустақил ба роҳбарияти  Созмони Миллали Муттаҳид  пешниҳод гардид, ки санаи 26 апрел ҳамчун «Рӯзи байналхалқии ёдбуди бартарафкунандагони садамаи барқи атомии Чернобил» қабул карда шавад. Баъд аз хуб пазироӣ шудани ин пешниҳод, ҳар сол санаи 26 апрел ҳамчун «Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил» қайд мегардад.
Гузаронидани Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи барқии атомӣ, аёдати беморон ва қадршиносӣ аз фаъолияти аъзоёни ҷамъияти «Иттифоқи Чернобилчиён» низ  аз дастгириву ғамхории пайвастаи роҳбарияти шаҳру вилоят  дарак медиҳад.
Алҳол, 50 нафар иштирокчии бартарафсозии садама дар ҷамъияти шаҳрии «Иттифоқи Чернобил» муттаҳид шуда, барои ҳал намудани баъзе муаммоҳои ҷойдошта якҷоя амал менамоянд. Ташкилоти мазкур ба таъмину ҳифзи ҳуқуқи бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил машғул мебошад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар оянда низ бо мақсади эҳтиром гузоштан ва гиромидошти хотираи онҳое, ки бар асари ин фалокат, аз ҳаёт рафтанд, инчунин таъмини иштироки бевоситаи Чернобилчиён дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва ҳалли  муаммоҳои мавҷуда, тамоми чораву тадбирҳоро меандешад, то ки насли наврасу ҷавонон аз ин мардони шуҷои Ватан дарси ҷавонмардӣ биомӯзанд.
Ватан ҳар амали неки Шуморо ёд дорад, иштирокдорони бартарафсозии садамаи атомии Чернобил!
Ҳамеша саломату бардам бошед!