(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар Хуҷанд дастрасӣ ба хизматрасонии ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» боз ҳам осонтар шуд.Дар маркази шаҳри Хуҷанд, хиёбони ба номи И Сомонӣ боз як нуқтаи хизматрасонии ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» ба фаъолияти оғоз намуд.
Ин нуқтаи хизматрасонӣ минбаъд барои сокинони маркази вилоят ва меҳмонони шаҳр имконияти интиқол ва қабули маблағҳо, мубодилаи асъор, гирифтани маълумот оиди намудҳои хизматрасониро фароҳам меорад.
Ташкили чунин як нуқтаи хизматрасонии молиявӣ аз ҷониби ташкилот дар мавзеи мувофиқ барои боз ҳам беҳтару осон шудани дастрасии шаҳрвандон ба хизматрасониҳои ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» мусоидат хоҳад кард. Дар баробари ин дар ин нуқта терминали пардохти хизматрасонӣ низ фаъол карда шуд, ки минбаъд барои пардохти маблағи қарзи ва амонатӣ пешбинӣ гашта, ҳамзамон барои сокинон боз 16 намуди хизматрасониро аз қабили, пардохти маблағҳои истифодабарии телефонҳои мобилӣ, хизматрасонии коммуналӣ, телевизионҳои тиҷоратӣ, шабакахои ичтимоӣ ва интернетро бе ситондани фоизи комиссионӣ пешкаш менамояд. Терминали мазкур шабонарузи,- 24 соат фаъолият мекунад.
Дар расми кушоди ин нуқтаи навтаъсис барои мизоҷони аввалин тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Ҳоло 27 филиал ва 130 намояндагии ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» дар шаҳру ноҳия ва минтақаҳои кишвар ба шахрвандон зиёда аз 20 намуди хизматрасонихои молиявиро пешниҳод менамояд.