(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Хуҷанд се моҳи фаъолияти худро ҷамбаст намуд.Дар маҷлисгоҳи Маркази фарҳанг ҷаласаи фаъолони шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Заробиддин Файзуллозода ва и.в. Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода баргузор гардид.
Ҳамчунин дар ҷаласаи номбурда муовинони Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, сохторҳои қудратӣ, корхонаю ташкилотҳо муассисаҳои таълимию тиббӣ, сарварони бозорҳо ва вакилони мардумӣ ширкат намуданд.
Ҷаласаи мазкур ба натиҷаҳои соҳаҳои мухталифи дар се моҳи авали соли равон бахшида шуда буд.
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Шариф Шарифзода кори маҷлиси ҷамбастиро ифтитоҳ намуда, суханро барои маърӯзаи асосӣ ба муовини Раиси шаҳр Маъруф Мамадҷонзода дод.
(Маърӯзаро тавассути http://www.khujand.tj/tg/baaholi/sokinin дастрас намудан мумкин аст). Ҳозирон баъди шунидани маърӯза ба музокираи баромад шурӯъ намуданд.
Музокирачиён сардори нозироти андози шаҳр Абдурауф Ҷумъаев, сардухтури беморхонаи № 1 Фирдавс Тӯрахонов, директори корхонаи «Нассоҷии Хуҷанд» Насим Каримов,раиси Кумитаи маҳаллаи ба номи Қ. Қурбонов Иномҷон Юсупов, директори мактаби миёнаи № 19 Умаров Ориф ва директории КВД «Хуҷандобуканал» Иброҳим Абдуҷалилов доири натиҷаи фаъолият ва бурду бохти соҳа ибрози андеша намуданд.
Муовини Раиси вилояти Суғд Заробиддин Файзуллозода доири фаъолияти корхонаҳои саноатӣ иҷроиши нақшаи истеҳсолӣ ва рушди иқтисодии шаҳр суханронӣ намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода бо назардошти фаъолияти семоҳаи соли ҷорӣ дар назди масъулин ва мақомоти давлатӣ вазифагузорӣ намуд.
Аз ҷумла таъкид гардид, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷанобӣ Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, талаботи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд ва нишондиҳандаҳои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Хуҷанд барои солҳои 2016-2020» чораҳои зарурӣ андешида шуда, барои дар сатҳи баланди сиёсӣ гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ санаи 22 майи соли ҷорӣ тамоми корҳои омодагӣ ба анҷом расонда шавад.
Бо мақсади таъмин намудани рушди устувори иқтисодии шаҳр, ҷиҳати зиёд намудани саҳми шаҳри Хуҷанд дар  пешрафти вилоят, вобаста ба истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ чораҳои амалӣ андешида шавад. Фаъолияти 11 корхонаҳое, ки дар давраи ҳисоботӣ  фаъолият накардаанд, бояд бахши саноат ва энергетика дар якҷоягӣ бо роҳбарони корхонаҳо таҳлилу омӯзиш гузаронида, то ҷамъбасти шашмоҳаи соли ҷорӣ барои ба фаъолият оғоз намудани онҳо чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Ҷиҳати омодагӣ барои зимистонгузаронии солҳи 2016-2017 дар назди муассисаҳои тандурустӣ, маориф, соҳаи хоҷагию манзилӣ ва дигар ташкилоту корхонаҳо вазифагузорӣ карда шуд, ки то санаи 1 августи соли ҷорӣ тамоми корҳои вобаста ба таъмир, оинабандӣ ва харидории ангиштсангро ба итмом расонанд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки бобати пешгирии ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, худкушӣ, нашъамандӣ, сӯиқасд ба ҷони худ ва шомилшавии ҷавонон ба равияҳои ғайриқонунӣ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар якҷоягӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ корҳо пурзӯр карда шуда, барои босифат иҷро намудани нақшаи даъват ба сафи Қувваҳи мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар маҳаллаҳо пурзур тадбирҳои судманд андешидан лозим аст.