(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Голибони «Хамкории муфид» ба Истамбул сафар кардандТашкилоту муассисаҳои амонатӣ ва  қарзию молии шаҳри Хуҷанд баробари фаъолияти пурсамари худ барои боло бурдани маърифати иқтисодию иҷтимоӣ, сарфаи маблағи буҷаи оилавӣ, таҳияи хароҷоти он корҳоу тадбирҳои назаррасро анҷом медиҳанд.
Яке аз ҳадафҳои самти фаъолияти ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» тахкими робитаи пайвастаи устувор байни ташкилот ва мизоҷон, мусоидат баҳри беҳдошти вазъи иҷтимоии истифодабарандагони хизматрасонии ин ташкилот мебошад.
Ин аст, ки давоми нимсолаи аввали соли равон ғолибони яке аз аксияҳои ташкилот бо номи «Ҳамкории муфид» аз имтиёзхои ба дастовардаи худ баҳраманд гашта истодаанд.
Ҳайати навбатии ғолибони аксияи Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурди «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ», - “Ҳамкории муфид», ки дар интиҳои соли гузашта ҷамбаст гарида буд даҳаи дуюми моҳи апрели соли равон озими шаҳри Истамбул хоҳанд шуд. Голибони «Хамкории муфид» ба Истамбул сафар карданд Ғолибони ин аксия Рустамҷон Исроилов аз шаҳри Душанбе, Амбиёқул Ҳакимов аз ноҳияи Айнӣ ва Орзинисо Ҷӯраева аз ноҳияи ба номи Ҷ. Расулов бо шарофати иштирок дар аксия ва чун мизоҷони фаъоли ташкилоти «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» ,- бори нахуст имконияти сафари сайёҳӣ ба ин шаҳри афсонавиро даст оварданд.
Лозим ба қайд аст, ки Орзинисо Ҷӯраева омӯзгори собиқадори синфҳои ибтидоии яке аз мактабҳои ҷамоати Гулхонаи ноҳияи ба номи Ҷ. Расулов аст. Соҳиби панҷ фарзанд буда, алҳол нафақахӯр аст.
Орзинисо Ҷураева давоми ду соли охир яке аз мизоҷони фаъоли ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» ба ҳисоб рафта, маблағҳои фиристодаи духтару домодашро аз Федератсияи Россия тавассути намояндагии ташкилот дар ноҳия мунтазам мегирад.
Рустамҷон Исроилов бошад дар яке аз қисмҳои низомии пойтахт чун ронанда кору фаъолият дошта, Амбиёқул Ҳакимов муҳосиби мактаби таҳсилоти умумии ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ аст.
Аксияи “Ҳамкории муфид» бахшида ба 15 солагии таъсисёбии ТАКХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» бахшида шуда он санаи 1 сентябр то 30 ноябри соли сипаригашта идома ёфт. Тибқи талаботи ин аксия мизоҷони фаъол бояд аз хизматрасониҳои ташкилот, аз қабили интиқоли маблағҳо, қарзҳо ва депозитҳо дар ин мӯҳлат истифода мебурданд.
Дар аксия наздик 74 ҳазор мизоҷони ин ташкилоти молӣ аз тамоми шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд.
Ҷамбасти озмун санаи 15 декабри соли 2015 баргузор гардида, дар он 8 нафар соҳиби роҳхат ба Осоишгоҳи «Баҳористон»-и шаҳри Гулистон,   ҳамчунин сокини ноҳияи Ёвон Бургут Эргашев, сокини шаҳри Қурғонтеппа Зарагул Юнусова ва сокини шаҳри Панҷакент Додар  Туйғунова соҳиби роҳхати сайёҳӣ ба шаҳри Дубайи кишвари Аморати Муттаҳидаи Араб гаштанд. Ҷоизаи асосӣ - роҳхати сайёҳию истироҳатиро ба пойтахти давлати Фаронса, - шаҳри Париж Аҳтам Саъдиев аз ноҳияи Ёвон соҳиб гашт.
ҶСП ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» - ин ташкилоти амонатии қарзии хурд мебошад, ки дар қаламрави Тоҷикистон барои табақаҳои гуногуни аҳолӣ хизматҳои молиявӣ мерасонад.
Вазифаи асосии ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» - ин мусоидат кардан ба рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон, мададгорӣ намудан ба беҳтар кардани сифати зиндагӣ бо роҳи таъмини воридшавии устувор ба молияи қисми аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъоли аҳолӣ мебошад.
Ташкилоти амонатии қарзии хурди «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 декабри соли 2012 ба қайд гирифта шуда, иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро 7 январи соли 2013 соҳиб гаштааст. Ташкилоти мазкур фаъолияти молиявии худро соли 1999 оғоз намудааст.
Қайд намудан лозим аст, ки дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд, - 50 ташкилоти маблағгузорӣ ва бонкӣ фаъолият мебаранд.