(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Довталабон ба донишгоҳҳои Руссия имтиҳон супориданд.

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таълимии Федератсияи Русия имтиҳон супориданд.
Ба ин мақсад дар ДДҲБСТ нуқтаи қабули ҳуҷҷатҳои шахсоне, ки хоҳиши иштирок дар озмуни интихоби довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таълимии Русия дар соли таҳсили 2016-2017 доранд, таъсис дода шуд. Аз санаи 09.03.2016 то 19.03.2016 ҳуҷҷатҳои 956 нафар довталабон (аз он ҷумла: 26 нафар ба магистратура, аспирантура ва ординатура) аз рўи 4 равия (гуманитарӣ-117 нафар, иқтисодӣ-163 нафар, техникӣ-274 нафар, тиббӣ-376 нафар) барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Федератсияи Русия аз рўи зинаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ баъд аз хатми синфи 11, бакалавр, мутахассис, магистратура, аспирантура ва ординатура дар китобхонаи электронии донишгоҳ ба қайд гирифта шуд. Мавриди зикр аст, ки бақайдгирии довталабон тариқи онлайн дар сомонаи Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия баргузор гардида, барои амалӣ гардидани он 150 адад компютери ба шабакаи интернет пайваст истифода гардид. Ба имтиҳони қабул шаҳрвандоне, ки дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва олии касбӣ мебошанд ва бо баҳои хубу аъло таҳсил намудаанд, иштирок карданд.
Санаи 10-уми апрели соли равон қабули имтиҳонот тариқи тестӣ (аз 3 блок: 6 фан, ҳар як фан 25 саволномаҳои тестиро дар бар мегирифт) ба роҳ монда шуд, ки дар он 847 нафар (аз рўи равияҳои гуманитарӣ – 95 нафар, иқтисодӣ-144 нафар, техникӣ – 256, тиббӣ – 352 нафар) довталабон иштирок намуданд.
Имтиҳоноти тестӣ таҳти роҳбарии Мирбобоев Р.М. - муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, ба сифати нозир В.А.Бондаренко - консули генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд, Пираков Ф.М. – муовини директори Муассисаи давлатии Маркази барномаҳои байналмилалӣ, Ҳоҷиев М.– сармутахассиси Муассисаи давлатии Маркази барномаҳои байналмилалӣ, Самадов М. - сармутахассиси Муассисаи давлатии Маркази барномаҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.