(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ғолибияти нахустини дастаи «Хуҷанд» дар мавсими имсолаИмрӯз дар варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» нахустин мусобиқаи футболбозон дар мавсими имсола байни дастаҳои «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Вахш» Қӯрғонтеппа ва маросими кушодашавии 25-умин Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олии мамлакат баргузор гардид.
Дар чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода иштирок намуд.
Номбурда тамоми сокинон ва мухлисони ин намуди варзишро бо оғози мавсими 25-умини чемпионати футболбозон байни дастаҳои лигаи олӣ табрик намуд.
Қабл аз оғози мусобиқа бозингарони ҳарду даста ба кӯдакони Хонаи кӯдакони шаҳри Хуҷанд тӯҳфаҳои хотиравӣ супориданд.
Шариф Шарифзода бо задани тӯб ба мусобиқаи имрӯза ҳусни оғоз бахшид.
Чуноне, ки аз маъмурияти дастаи футболозони «Хуҷанд»-и Хуҷанд иттилоъ доданд мусобиқаи нахустини футболбозон бо ҳисоби 2:1 ва ғалабаи дастаи футболбозони «Хуҷанд» Хуҷанд ба анҷом расид.