(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҲамдиёрони азиз!
Афсарону ҳимоятгарони марзу буми Ватан!
Муҳтарам собиқадорони Қӯшунҳои дохилӣ!
Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи Қӯшунҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ҳамасола рӯзи 10-уми апрел таҷлил карда мешавад, самимона табрик гуфта, бароятон дар иҷрои вазифаи муқаддасу пуршараф - ҳифзи марзу буми Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими дастовардҳои истиқлолият ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиа-вии мамлакат комёбиҳо орзу менамоям.
Имрӯзҳо Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо рӯ ба рушд оварда, рӯзгори мардумаш обод гашта, шукри осмони софу мусаффо ва сулҳи бебозгашт карда, ба ояндаи дурахшон дилпурона менигарад. Таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, бо азму кӯшиш-ҳои назарраси Раиси вилоятамон, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр бо дарки зарурӣ ҳалли проблемаҳои хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомӣ баробари таъмин гардидани суботи сиёсӣ ҳамаи имкониятҳои мавҷударо ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид ва муосир равона карда истодаанд.
Мо борҳо таъкид намудаем, ки халқи тоҷик баъди ҳазор соли маҳрумият аз давлати соҳибихтиёр маҳз дар охири асри ХХ-ум аз нав соҳиби давлати соҳибистиқлоли миллӣ гашта, ба орзуву ормони деринаи аҷдодони озодихоҳи хеш расидааст. Ин бахти бузург ва имконияти таърихӣ, яъне бунёди давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон ба нас-ли имрӯз насиб гардид.
Ҳоло барои он ки ин давлат, ин марзу бум ва ин сарзамини муқаддаси воқеан биҳиштосо насиби ҷовидонии миллати куҳанбунёди тоҷик бошад, мову шумо ва насли ҷавон бояд бо эҳсоси гарми ифтихор аз давлати соҳибихтиёри худ, онро самимона дӯст дорем, бо таъмини волоияти қонун, таҳкими ваҳдати миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ ҳар зарраи хоки он ва ҳар ваҷаб замини онро чун гавҳараки чашм ҳимоя карда, ба хотири ободиву шукуфоияш талош намоем. Аз ин рӯ, ҳамаи афроди низомӣ - аз сарбозони қаторӣ то афсарони олирутба ӯҳдадоранд, ки ба иҷрои вазифаи бевоситаи худ дар назди Ватан бо масъулияти фарзандӣ ва садоқату эътиқод ба халқи хеш муносибат намоянд.
Мо, фарзандони як модарем, зодаю парвардаи як хокем ва хизмат намудан барои Ватани хеш қарзи фарзандии ҳар яки мову шумо аст.
Бори дигар тамоми ҳамватанони азизро бо Рӯзи Қӯшунҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳамагон рӯзгори осуда, ободии хонадон ва хизмати бобарорро ба нафъи халқу Ватан орзу менамоям.
Ид муборак, ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!

 и.в. Раиси шаҳри Хуҷанд                      Шарифзода Шариф Файз