(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Чорабинии маърифатию тарғиботӣДар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тибқи нақшаи якҷояи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ҳизбу созмонҳои терористию ифротгаро, тамоилҳои бегонапарастӣ, тақлид ба маданият ва тарзи либоспӯшии ба фарҳангӣ мо бегона ва ба ин васила тарбия намудани насли наврас дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ  дар ташкилоту муассисаҳои таълимии  маркази вилоят   чорабиниҳои маърифатию тарғиботӣ доир гардида истодааст. Чунин як чорабинӣ дар маҷлисгоҳи Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 9 бо иштироки Сафар Эркаев Сафар номзади илми таърих, дотсенти Донишгоҳи Давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Ботурҷон Алимов, номзади илми таърих, дотсенти Донишгоҳи Давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Мақсуд Орифов намояндаи шӯъбаи Варзорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр Хуҷанд, Маҳмуд Алихонзода – намояндаи шӯъбаи дар шаҳри Хуҷанд будаи раёсати Кумитаи давоатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фирӯза Эшонова мутахасиси пешбари шӯъбаи рушди ичтимои ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр Бахтиёр Исматҷонов чорабиниро ифтитоҳ намуда бобати мақсади чорабинӣ ва моҳияти ҷалби ҷавонону наврасон ба ин гуна мулоқот сухан гуфт.
Баъди шунидани маърӯзаи баромадкунандагон иштирокдорони мулоқот зикр намуданд, ки саҳми арзандаи худро дар бунёди ин давлати мутараққӣ гузошта, бо арзи эҳтиром ва ифтихор аз Истиқлолияти давлатии кишвари маҳбуб дар таҳкими сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон кушиш намуда, баҳри осудагӣ ва суботи Тоҷикистон сайъу кушиш намуда тамоми ҳастии худро равона месозанд.