(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Намоиши «Сулҳ аз ҳар яки мо сарчашма мегирад»Давоми ду рӯз аст, ки дар намоишгоҳи мусаввараҳои Хуҷанд АРТ галереяи «Сомониён» намоиши аксҳо бо унвони «Сулҳ аз ҳар яки мо сарчашма мегирад» идома дорад.
Аксҳои дар намоиш гузошташуда аз ҳаёту зиндагии ҷавонону наврасон ва мардуми минтақаҳои наздисарҳадии ноҳияи ба номи Б. Ғафуров ва шаҳри Исфара, ки бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳаданд, омода карда шудааст.
Мақсади ташкил намудани ин намоишро Ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон», ки масъули баргузории ин чорабиниро ба зимма дорад, тасвири сулҳу дӯстӣ ва рафоқату ҳамдигарфаҳмиро дар байни ҷавонон ва сокинони наздисарҳадии вилояти Суғд арзёбӣ менамоянд.
То имрӯз намоишро бештар аз 500 нафар ҷавонону наврасон ва сокинони маркази вилоят тамошо намуданд. Намоиш мазкур дар доираи барномаи ташкилоти байналхалқии ҳифзи кӯдакон, ЮНИСЕФ, Сафоратхонаи Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд гузаронида мешавад.