(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мақомоти маҳаллӣ хоҳиши шаҳрвандро қонеъ намуд.Имрӯз тибқи дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода масъулини шӯъбаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ ба манзили истиқоматии сокини махаллаи Хучанд, кучаи М. Горький 116/1 Мамадчонова Махфират омада ба номбурда  аробачаи маюбӣ тӯҳфа намуданд.
Номбурда давоми чанд сол аст, ки баъди марги  дунафар фарзандаш дар парастории пайвандонаш қарор дошта, бинобар беморӣ  ва солхӯрдагӣ имкони ҳаракати озодонаро надорад.
Бо максади дастрасӣ ба аробачаи маюбӣ оғози моҳи равон пайвандони Махфират Мамадҷонова ба мақомоти маҳаллӣ муроҷиат намуда буданд.