(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Намоиши гулҳои ороишӣ дар шаҳри ХуҷандМувофиқи Амри Президенти мамлакат бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақаҳои кишвар, ободониву бунёдкорӣ, ҳифзи анъанаҳои миллӣ, фарҳанг ва таъриху тамаддуни тоҷикон ба тасвиб расидааст, мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, маҳалла, хона ва оилаи намунавӣ гузаронида мешавад.
Дар баробари тамоми мардуми кишвар сокинони Суғди бостонӣ низ барои иштироки фаъолона дар ин мусобиқаи ободонӣ омодагии ҳаматарафа мебинанд. Чун яке аз шартҳои ободу зебо гардонидани маҳал ва шаҳраку деҳот ин сабзу хуррам ва гулкорӣ намудани муҳити атроф мебошад, имрӯз, 9 март дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд»  Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ  ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Ахмадзода дар намоиш ва муаррифии навъҳои гуногуни гулҳо, ки дар гулхонаҳои вилоят парвариш карда мешаванд, ширкат намуданд.
Ҳамчунин  дар чорабинӣ муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони хоҷагиҳои манзилию коммуналии шаҳру навоҳӣ ҷиҳати шиносоӣ бо навъҳои  гул ва муассисаҳову соҳибкорони гулпарвари вилоят ширкат варзиданд. Раиси вилояти Суғд  Абдураҳмон Қодирӣ дар суханронии  ифтитоҳии худ иштирокчиёни чорабинии мазкур  ва гулпарварони вилоятро  бо ҷашни «Рӯзи Модар» табрик  намуда,  аз ҳадафи ташкили чорабинӣ ёдовар гардид. Аз ҷумла гуфта шуд, ки омодагиҳо ба мавсими имсолаи гулкорӣ аз моҳи сентябри соли гузашта оғоз ёфта, бо ин мақсад як миллион пиёзаки гули лола харидорӣ ва дар хиёбону гулгаштҳои маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд шинонида шудаанд. Илова бар ин, дар қаларави вилоят гузаронидани фестивали лола ва карнавали наврӯзӣ аз нақшаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар соли равон мебошанд.
Зимни боздид аз намоишгоҳи гулҳо Раиси вилоят ва меҳмонони чорабинӣ бо навъу намуди гулҳои аз ҷониби гулхонаҳо ва соҳибкорони гулпарвар пешниҳодшуда шинос гардиданд. Навъҳои «петуния», «тагетс», «марҷонгул», «вербана», «астра», «лола», «катарантус», «магнолия», «селозия» ва гулҳои бисёрсолаи хонагӣ аз ҷумлаи маҳсулоти зебоиофари намоишгоҳ буданд.
Ҷоиз ба қайд аст, ки имрӯзҳо дар гулхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 2,3 миллион гулҳо парвариш карда мешаванд ва имрӯз наздик 500 ҳазор гулҳои гуногун ба намоиш-фурӯш гузошта шуд. Барои гулзор намудани вилоят муассисаҳои гулпарвар омодаанд, ки маҳсулоти хешро пешниҳод созанд.
Дар баробари шиносоӣ бо намуди гулҳо барои иштирокчиёни чорабинӣ тарзу усули шинонидани гулҳо дар мавзеъҳои гуногун ба таври амалӣ аз ҷониби мутахассисон намоиш дода шуд. Бояд гуфт, ки гулкорӣ кардан низ санъат аст ва дар ин маврид бояд тамоми хусусиятҳои он, аз ҷумла мутобиқати рангу бӯй ва табиати гулҳо ба инобат гирифта шавад. Намояндагони масъули шаҳру навохӣ дар ин чорабинӣ бо соҳибкорони инфиродӣ ва муассисаҳои гулпарвар ҷиҳати харидории гулҳо ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои минбаъда шартномаҳо баста, аз ин иқдоми роҳбарияти вилоят изҳори мамнуният карданд.
Чорабинии мазкур инчунин дар доираи Барномаи вилоятии “Соли 2016 - соли маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод” рӯи кор омада, гулзор намудани ҳудуди вилоят дар «Соли фарди солим» бешубҳа барои таъмини муҳити тозаву озода ва тароватбахш заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.