(0 овоз, миёна 0 аз 5)

«Клуби дугонаҳо» дар мактаб-гимназияи № 4Бахшида ба санаи неку фархундаи баҳорӣ «Рӯзи модар» дар тамоми ташкилоту муассисаҳои мухталифи шаҳр чорабиниҳо гуногун баргузор мегардад.
Муассисаҳои соҳаи маориф низ бо кӯшишу заҳматҳои омӯзгорон баҳри хотирмон гузаштани ин ид тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд
Чунин як чорабинӣ, ки мақсад тарғиби ҳунари кадбонугӣ ва хонаводагӣ, арзишҳои оиладорӣ буд, дар мактаб-гимназияи №4 шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Ин чорабинӣ озмун байни духтарон-муҳассилини 7 дастаи синфҳои 9 мактаби номбурда доир гашта, «Клуби дугонаҳо» ном дошт.
Толибагони мактаб таҳти роҳнамоии омӯзгори фанни технология Шаҳло Аминҷонова гузаронида шуда, дастпарварони ин омӯзгор аз рӯи 11 намуди шарт ҳунари худро намоиш доданд.
Аъзоёни ҳакамон ба истеъдоду маҳорати ҷавондухтаронро аз рӯи намудҳои «Дастони моҳир», «Ороиши дастурхон», «Саломнома», маҳорати хондани шеър ва рақсидан, омода намудани хӯрокҳои самбӯсаю тушбера, хуриш, ороиши мӯй ва намоиши либос баҳогузорӣ намуда, беҳтаринҳоро муайян намуданд.
Дар натиҷаи хулосаи ниҳоии аъзоёни ҳакамон ва баҳои умумӣ ғолибиятро хонандагони синфи 9 «д» бо сарварии роҳбари синфи худ Роҳат Умарова соҳиб гашта, бо мукофоту ҷоизаҳои таъсиснамудаи маъмурияти мактаб гимназияи № 4 шаҳри Хуҷанд гаштанд.