(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altАҳли қалам, рӯзноманигорон, ноширон ва кулли алоқамандони матбуотро бо иди касбӣ – Рӯзи матбуоти тоҷик аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо самимият ва эҳтироми афзун табрик намуда, барояшон тани сиҳату хотири ҷамъ, табъи болидаю рӯзгори обод ва дар фаъолияти минъбада ба хотири щановати фазои итилоотӣ, тарщибу ташвиқи щояҳои давлати демократии ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ҳидояти мардум ба меҳнати созанда комёбиҳои тоза таманно мекунам.
Матбуот ва Воситаи ахбори омма ҷузъи асосии маънавият маҳсуб мешавад ва чун баёнгари афкори умум, воқеънигори зиндагӣ дар пешбурди ҳаёти ҷомеа, тарбияи маънавии инсонҳо ҳамеша хизмат мекунад. Рисолати аҳли қалам ва кормандони воситаҳои ахбори умум низ маҳз аз ҳақиқатнигорӣ, инъикоси воқеии ҳаводис ва баҳои ростин додан ба ҷараёни ҳаёти ҷамъиятӣ сарчашма мегирад. Қобили таваҷҷӯҳ аст, ки кормандони воситаҳои ахбори умум ин рисолати касбиашонро сарбаландона ва муваффақона адо карда меоянд.
Имрӯз дар саросари кишвар даҳҳо рӯзномаю маҷаллаҳо ба табъ мерасанд, радиою телевизионҳо фазои итилоотиро пур намуда, аҳли эҷод  ва ҷурналистон  бо дарки масъулияти баланд ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии мамлакатро дар раванди пешравиҳои беназир воқеъбинона ба қалам медиҳанд, дар тарщиби сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат, щояҳои дурандешона ва ояндабинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Сарвари давлатамон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми муносиб мегузоранд ва бо истифода аз нерӯи сухан мардумро ба созандагию бунёдкорӣ ҳидоят менамояд.
Таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик ва дар ин замина рӯ овардан ба таърихи матбуот ин қабл аз ҳама эътирофи қадри сухан чун нерӯи бузурги ҳидояткунундаи мардум, садоқат ба кору анъанаҳои поягузорони матбуоти тоҷик аст.
Васоити ахбори омма ҷузъи таркибии рӯзгори мост ва сухани созанда ҳамеша ҳамроҳу ҳамқадами мо хоҳад буд.
Иди матбуоти тоҷикро ба кули кормандони нашрияҳо, ноширон, собиқадорни соҳа ва ҳамаи алоқамандони матбуот бори дигар табрик гуфта, бо ҳамаи Шумо барору музаффариятҳо орзу менамоям.

 

Раиси шаҳри Хуҷанд                               Раҷаббой Аҳмадзода