(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дастаи «Хуҷанд» ғолиби мусобиқаи «Каратэ-до» гардид.Тибқи нақшаи чорабиниҳои Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд ва федератсияи «Каратэ-до»-и вилояти Суғд санаҳои 5-6 марти соли 2016 дар толори варзишии "Ҷашнӣ"-и шаҳри Хуҷанд Чемпинати кушоди шаҳр оид ба «Каратэ-до» байни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.
Чуноне, ки масъулин таъкид намуданд чорабинии мазкур бо мақсади рушду нумӯъи варзиши каратэ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани робитаҳои дӯстӣ байни варзишгарон, дарёфти истеъдодҳои нав ва муайян намудани дастаи яккачини шаҳр   баргузор гардид. Дар ин қувваозмоӣ дастаҳо варзишгарон аз рӯи инамуди варзиш аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ширкат намуданд. Дар мусобиқа зиёда аз 300 нафар варзишгарон ширкат намуданд, ки аз он ҷумла 50 нафари иштирокдоронро духтарон ташкил намуданд. Дар ниҳояти ин мусобиқа дастаи варзишгарони шаҳри Хуҷанд ғолибиятро ба даст оварда, соҳиби ҷойи аввал гардиданд. Ҷойи дуюму сеюмро бошад дастаи варзишгарони ноҳияи Б. Ғафуров  ва шаҳри Истиқлол ишғол намуданд.
Дар ҷамъбасти чемпионат ғолибон ва ҷоизадорон бо медал ва ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.