(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ба Раиси шаҳр аз омодагӣ ба Наврӯз ҳисобот додандСубҳи имрӯз таҳти раёсати Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи корӣ бо иштироки муовинон, роҳбари дастгоҳ мудирони шӯъба, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, муассисаҳои таълимӣ, идораҳои коммуналӣ ободонӣ кабудизоркунӣ ва фаъолони шаҳр баргузор гардид.
Дар он Раҷаббой Аҳмадзода аз масъулини шаҳрдорӣ доири омодагиҳои корхонаю ташкилот ва муассисаҳои маркази вилоят пурсиш ба амал оварда бобати вусъати корҳои ободию сабзкорӣ супоришҳои мушаххас дод.
Бо назардошти он, ки дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанди бостонӣ бори нахуст фестивали лолаҳо ва карнавали наврӯзӣ доир мегардад, ба идораи хоҷагию манзилӣ ва муассиаҳои гулкорию кабудизоркунӣ супориш дода шуд, ки ба тарҳу ороиши махсус хиёбону гулгашт ва кӯчаҳои шаҳр бо гулу лолаҳои рангоранг оро дода шуда, биноҳои ташкилоту муассисаҳои шаҳр рангубор карда шаванд. Идораҳои кабудизоркунӣ ва ороишии гулҳо дар навбати худ барои пешниҳоду шинондани тарзу усулҳои гуногуни ороши гулҳои баҳорӣ муваззаф гардида, маҳалҳои гулкории онҳо муқаррар карда шуд.
Тибқи супориши Раиси шаҳри Хуҷанд насби шиору овезаҳо ва навиштаҷоти наврӯзӣ бояд то санаи 15 март ба анҷом расонда шуда, дастур дода шуд, ки дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи оламафрӯз шаҳр бояд комилан намои идона ва симои наврӯзӣ дошта бошад.
Дар асоси нақшаю тадбирҳои ба истиқболи Наврӯз омода гашта дар шаҳри Хуҷанд баробари чорабиниҳои идонаи наврӯзӣ, ба истифода додани иншоотҳои нав, ба истифода додани 6 майдончаи варзишӣ дар маҳаллаҳои Хуҷанд пешбинӣ гаштааст.
Ҳамзамон Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода супориш дод, ки дар тамоми маҳаллаҳо корхонаю ташкилот ва муассисаҳои шаҳр бояд таҷлили Наврӯз бо риояи тамоми суннатҳои наврӯзӣ аз оғози ҳафтаи оянда шурӯъ гардад.