(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Таҳсилоти фосилавӣ қадами навбатӣ барои воридшавӣ фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣДар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд семинари илмӣ- амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Таҳсилоти фосилавӣ» доир гардид. Дар кори семинар роҳбарони як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят, устодони донишгоҳҳо ширкат доштанд. Як ҷанбаи фарқкунандаи семинар он буд, ки бо дастгирии ширкати мобилии ТСЕЛЛ ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ва Донишкадаи энергетикии шаҳри Қурғонтеппа тавонистанд бевосита дар муассисаҳои худ истода, тариқи интернет ба таври мустақим ба кори семинар пайваст шаванд. Чорабиниро сарвари донишкада, номзади илмҳои техникӣ Дилафрӯз Сангинова ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла қайд кард, ки баланд бардоштани сифати таълим, ворид намудани технологияи наву замонавӣ ва истифодаи самараноки он дар машғулиятҳо, ҷустуҷӯи роҳҳои нави ҷалби ҷавонон ба таҳсил аз ҳадафҳои асосии давлат ва Ҳукумати кишвар мебошад.
Рустам Мирсаидов, коршиноси департаменти алоқа ва идоракунии  бренди ширкати мобилии ТСЕЛЛ дар вилояти Суғд аз ҳамкории ширкат бо Донишкадаи политехникӣ ёдовар шуда, афзуд, ки шурӯъ аз соли 2016 инернет-провайдери донишкада ба ширкати мобилии ТСЕЛЛ гузашт.
Илҳом Амонов, ноиби ректор оид ба илм ва робитаҳои хориҷӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Джайлоев З.М. сардори департаменти таълими Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар шаҳри Қурғонтеппа, Абдулло Ҳабибулло, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ аз дастгириву ғамхориҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати маориф сухан ронда, баргузории семинарро дар мавзӯи «Таҳсилоти фосилавӣ» айни муддао дониста, зикр намуданд, ки таҷрибаи Донишкадаи политехники шаҳри Хуҷанд шоистаи омӯзиш мебошад.
Сипас дар мавзӯи «Сомонаи fosilavi.tj» заминаи таҳсилоти фосилавӣ дар ДПДТТХ» сардори маркази таҳсилоти фосилавии донишкада Р.Исомаддинова, мутахассис барномасози маркази мазкур Назирҷон Муллоҷонов, устодони донишкада Хуршед Худойбердиев ва Парвиз Солиев гузориш доданд.
Муовини директори Донишкадаи политехникӣ оид ба таълим  Хуршед Мақсудов дар баромадаш аз вазифагузориҳои Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди суръатбахшии раванди низоми таҳсилоти фосилавӣ дар мактабҳои олӣ ёдовар шуд.
Анвар Мақсудов, ректори ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров дар маърӯзаи худ зарурияти роҳандозии низоми таҳсилоти фосилавиро бо мисолҳои возеҳ баён намуд.
Бо ҳамин кори семинар ба кори худ анҷом бахшид.