(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ҷаласаи нахустини Шӯрои кор бо ҷавонон баргузор гардид.Имрӯз таҳти раёсати Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода нахустин  ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Кори ҷаласаро Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуда, иттилоъ дод, ки аз 20 нафар аъзои Шӯро 18 нафар нафар иштирок доранд.
Аъзоёни Шӯро рӯзномаи ҷаласаро иборат аз тасдиыи наышаи кории Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси шаҳри Хуҷанд барои соли 2016, баррасии масъалаҳои ҷорӣ ва вазифагузориҳо тасдиқ намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ дар шӯрои мазкур таъкид намуд, ки давлату ҳукумат бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи ҷавонон, илму фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа, махсусан ба таълиму тарбияи насли ҷавон эътибори аввалиндараҷа дода, барои пешрафти ин соҳа ва тайёр намудани мутахассисони соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ ҳамаҷониба мусоидат менамоянд. Дар Паёми имсолаи Сарвари кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдат Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ыайд гардид, ки дастгирии соҳа, баланд бардоштани маыоми ҷавонон дар навбати аввал аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки беш аз 70%-и аҳолии кишварро ҷавонон ташкил дода, яке аз ыувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад ва гузашта аз ин пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди соҳа вобастагии мустаыим дорад.
Баъдан мудири Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ Бахтиёр Исматҷонов, мудири шӯъбаи саноат ва энергетика Абдураҳим Солиев  доири фаолияту нақшаи минбаъдаи Шӯро изҳори назар намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд ба муовини Раиси шаҳр Умедахон Муродӣ бобати таҳким бахшидани корҳои тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани маърифати ҷавонон зиракии сиёсии онҳо, боло бурдани хисси ватандӯстӣ ва ҷалби ҷавонони синни даъватӣ ба хизмати ҳарбӣ дастуру супоришҳоли мушаххас дод. Дар ҳамин замина қайд гардид, ки даҳаи аввали моҳи марти соли равон аёдати наваскарони аз шаҳри Хуҷанд даъват шуда, ки дар қисмҳои низомии минтақаҳои ҷанубикишвар хизмати ҳарбиро адо менамоянд пешбинӣ гаштааст.
«Ба ҳайати гурӯҳи корӣ бояд ҷавонони фаъол низ шомил гардида, аз ҳаёту зиндагии сарбозон дар қисмҳои низомии кишвар аз наздик ошно гарданд»- таъкид намуд Раиси шаҳри Хуҷанд.
Аъзоёни Шӯро наышаи кории Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси шаҳри Хуҷанд барои соли 2016 тасдиқ намуданд. Мувофиқи он  соли ҷорӣ вобаста ба рушди ҷанбаҳои кадрии сиёсати давлатии ҷавонон, андешидани чораҳо дар самти рушди имконоти ҷавонон ҷиҳати ба шущл фаро гирифтан ва раыобатпазирии онҳо дар бозори меҳнат, ташкили озмунҳои гуногун оид ба ҳавасмандгардонии ҷавонони соҳибистеъдод ва ғайра пешбинӣ гаштааст.
Шӯрои мазкур тибқи Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 16 октябри соли 2015, таҳти №742 Дар бораи таъсис додани Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси шаҳри Хуҷанд тасдиы гардида, бо маысади ҳамоҳангсозии фаъолияти маыомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаю ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати татбиыи сиёсати давлатии ҷавонон дар шаҳри Хуҷанд таъсис дода шудааст.