(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳр бештар 40 дархости сокинонро қабул намуд.Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода бештар 30 нафар сокинони маркази вилоятро бо зиёда 40 арзу дархостҳояшон қабул намуд.
Аз ҷумла барои гирифтани замини наздиҳавлигӣ 6 нафар кӯмак барои таъмир намудани манзилиистиқоматӣ 5 нафар, гирифтани кӯмаки моддӣ, мусоидат намудан барои барқарор намудани саломатии ройгон 3 нафар шаҳрванд муроҷиат намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки рӯзи қабули Раиси шаҳри Хуҷанд Рачаббой Аҳмадзода бо усусли «Равзанаи ягона» сурат гирифт, ки ин усул имкон медиҳад масъулину мутасддиёни сохторҳои марбута барои сари вақт ҳаллу фасл гардидани арзу муроҷиати сокинон дар мӯҳлати муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» мусоидат менамояд.