(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Мулоқоти навбатии Раиси шаҳри Хуҷанд бо сокинони маҳаллаи «Тути калон»Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода давоми моҳи равон силсилаи мулоқоти худро бо сокинони шаҳр бевосита дар маҳаллаҳо идома медиҳад. Дар интиҳои ҳафта тибқи нақша чунин мулоқот дар маҳаллаи «Тути калон» баргузор гардид.

Дар маҷлисгоҳи мактаби таҳсилоти умумии №12, ки дар ҳудуди маҳаллаи мазкур қарор дорад, бештар аз 150 нафар сокинон барои мулоқот ҷамъ омада буданд.
Қабл аз мулоқот Раиси шаҳр доири моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва тағийроту иловахо, ки имрӯзҳо муҳокимаи он дар сартосари кишвар идома дорад, сухан ронда, аз ҷумла бобати
натиҷаҳои соли сипаригашта ва нақшаҳои мақомоти маҳаллӣ дар соли равон маълумот дода таъкид дошт, ки бо ибтикору заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат, чаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маркази вилоят шаҳри Хуҷанд ба натиҷаҳои назаррас дар ҳамаи соҳаҳо ноил мегардад.
Дар қисмати дигари вохӯрӣ сокинон имкон доштанд бо дархосту суолҳои худ ба Раҷаббой Аҳмадзода муроҷиат намоянд.
Сокини кӯчаи ба номи А. Шукуҳӣ Таҳмина Ҷураева аз номи волидайне, ки дар соли нави хониш фарзандони онҳо бори нахуст ба мактаб мераванд ба Раиси шаҳри Хуҷанд изҳори минтадорӣ намуданд. Зеро маҳз бо дастгирии шаҳрдорӣ давоми ду сол инҷониб барои кӯдакони синни 6 сола гурӯҳхои махсуси омодагӣ ба мактаб таъсис ёфта, барои донишомӯзию омодагии онҳо ба мактаб шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Ҳамчунин сарвари мактаби таҳсилоти умумии №12 Шоира Қурбонова барои дастгирии Раиси шаҳри Хуҷанд ҷиҳати таъмири хушсифати боми мактаб изҳори сипосмандӣ намуд.

Ҳамчунин сокинони кӯчаҳои Чуқурак, Шӯро Душанбе ва Бухоро аз Раиси шаҳри Хуҷанд барои мумфарш намудани кӯчаҳои номбурда, чароғонкунӣ ва таъмири қубурҳои оби нӯшокӣ дархост намуданд.