(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Суғд21 май танатанаҳои ҷашнии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар маркази вилояти Суғд бо роҳпаймоии идонаи  беш аз 20 ҳазор нафар ҷавонон, ки аксар донишҷӯёни муассисаҳои олии вилоят буданд, оғоз ёфт.

Шоми ҳамин рӯз дар майдони Парчам ва Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон  чорабинии идона бо иштироки  Раиси вилоят Қоҳир Расулзода баргузор гардид.

Раиси вилоят Қоҳир Расулзода зимни суханронии табрикотии худ  ҷавононро насли ояндасоз ва соҳиби минбаъдаи пешрафтҳои дунёи имрӯз хонда, нақши онҳоро дар пешбурди соҳаҳои гуногуни мамлакат муҳим арзёбӣ кард.

«Ҷавони имрўза бояд насли муҷаҳҳаз бо донишҳои амиқи таърихӣ, афкори борвар аз фарҳанги озодонаву инсонгароёнаи миллии ниёкони шарафманди хеш бошад. Ин насл бояд андешаи созанда ва баҳравар аз тафаккури маънавӣ, эътиқод ва боварҳои шоиставу покизаи динӣ, донишу хирад ва маърифати муосирро бо фарогирии забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои навин дошта бошад, ки ба истилоҳ симои ҳақиқии ҷавони муосири тоҷикро барои хештан ва ҳам ба тамоми олам муаррифӣ намуда тавонад» - изҳор дошт Раиси вилоят.Ӯ ҳамзамон таъкид дошт, ки масъулияти бунёди ояндаи ҷомеа бар дўши ҷавонони такмилёфта хоҳад буд ва рисолати бузурги ҷавонон дар назди таърих, миллату давлат ва Ватан пеш аз ҳама, ин касби  донишу андеша, такмили маърифати илмиву ақлонӣ, фикриву маънавӣ ва забониву технологӣ мебошад.

Ҳамчунин, дар охир бо иштироки устодони санъати вилоят консерт баргузор гардид ва мушакпаронии идона шукӯҳи чорабиниро боз ҳам афзун намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд