(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Дар Хуҷанд мавсими ниҳолшинонӣ ҷараён дорад.Бахшида ба 25 солагии Истиқлоляти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гаштани «300 рӯзи ободонӣ» корҳои ободонӣ бунёдкорӣ ҳамарӯзабо вусъати том ҷараён дорад.
Аз оғози соли равон дар кӯчаю хиёбонҳои ба номи И. Сомонӣ, К. Хуҷандӣ, Р. Ҳоҷиев, Гагарин, С. Умарӣ, Р. Ҷалил, ниҳолшинонию корҳои ободонӣ ва сабзкорӣ идома дорад.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти корҳои тозаю ободсозӣ ва ниҳолшинонӣ дар шоҳроҳи «Сирдарё» дидан намуда, ҳамроҳи ҳашарчиён чанд бех ниҳолҳои сояафкан шинонд.
Кормандону мутахассисони Раёсати ободонӣ ва хоҷагию манзилии шаҳр дар ҳамроҳи бо кормандони идораю ташкилотҳои дар кӯчаи мазкур ҷойгир буда ба ҳашар баромада майдону гулгаштҳоро тозаю обод менамоянд. Ҳамчунин қади роҳ бештар аз 150 ниҳолҳои сояафкани навъи «Ардач» шинонда шуда, майдону киштзор нарму побел карда шуданд. Ҳоло аз оғози мавсими ниҳолшинонӣ дар шаҳри Хуҷанд бештар аз 10 ҳазор ниҳолҳои сояафкан шинонда шуда, кормандони соҳаи хоҷагию манзилӣ ва коммуналии Хуҷанд ният доранд то интиҳои мавсими ниҳолшинонӣ  бештар аз се ҳазор ниҳол шинонанд.