(3 овоз, миёна 3.67 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд сохтмони мактаби инноватсионӣ ва меҳмонхонаи панҷситорадор дидан намуд.Дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шаҳри Хуҷанд бахшида ба истиқболи 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 100 иншооти нав мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Бо мақсади шиносоии аз рафти корҳои сохтмонии иншоотҳои дар шаҳр бунёдшаванда Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз чанде объектҳои сохтмонӣ боздиди корӣ намуд.
Шиносоии Раиси шаҳр аз иншооти сохтмонии бинои «Мактаби хусусии Пӯлотов» оғоз гардид.
Сохтмони мактаби мазкур 26 майи соли 2015 оғоз гардида, он барои 640 хонанда пешбинӣ гаштааст.
Мактаб бо маблағи бештар аз 12 миллион сомонӣ  бунёд гардида он яке аз мактабҳои пешқадами инноватсионӣ хоҳад буд. Мактаб баъди мавриди истифода қарор дода шуданаш дорои синфхонаҳои барҳаво, ҳавзи шиноварӣ, китобхонаи электронӣ, майдончаи варзишӣ, ошхона бо 300 ҷойи нишаст, маркази ягонаи алоҳидаи гармидиҳӣ ва равшании худ мегардад. Муассисон тасмим доранд хонандагонро дар як рӯз ду маротиба бо хӯроки гарм таъмин намоянд. Пешбинӣ гардидааст, ки дар шафати мактаби мазкур ҳамчунин боғчаи бачагона низ сохта шуда, бунёди муассисаи таълимии олӣ низ ба нақша гирифта шудааст. Дар нақшаи дурнамои муассисон ташкили маҷмаи таълимию маърифатӣ бо фарогирии таълиму тарбия аз боғча то таълимгоҳи олӣ дар назар дошта шудааст.
Баъдан Раиси шаҳри Хуҷанд аз вазъи сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадори «Парламент», ки дар соҳили рости дарёи Сир бунёд мегардад, шинос гардид.
Меҳмонхонаи мазкур бо риояи талаботи имрӯзаи сохтмонӣ ва меъморӣ сохта шуда, аз маҷмаи фароғатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, обутоби бадан, маркази савдо иборат хохад буд. Меҳмонхона аз 28 ҳуҷра ва 52 кат иборат буда, он нахустин меҳмонхонаи панҷситорадор дар вилояти Суғд хоҳад буд. Раиси шаҳри Хуҷанд аз корҳои сохтмонии то имрӯз ба анҷомрасида изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт,ки барои мувофиқи талаботу меъёрҳои чунин меҳмонхона сифати хизматрасонӣ бояд намунаи ибрат бошад. Баробари фаъолияти меҳмонхона барои 35 нафар ҷойи корӣ имконият фароҳам  хоҳад омад. Корҳои сохтмониро Ширкати «Қандинвестсохт» ба ӯҳда дошта, сохтмончиён ният доранд иншооти мазкурро дар арафаи 25 солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба истифода диҳанд.