(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ниҳолшинонӣ дар Хуҷанд идома дорад

Дар маркази вилоят дар доираи чорабиниҳои бахшида ба 300 рӯзи ободонӣ корҳои мушаххас ба анчоммерасанд. Имрӯзҳо дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр шинондани ниҳолҳои сояафкан ва меважор идома ёфта, ҷӯйбору қади роҳ аз алафҳои бегона ва хушкида тоза карда мешаванд. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмазода аз рафти корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар кӯчаҳои Сирдарё, хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва ба номи Раҳим Ҷалил дидан намуд.
Дар мавзеҳои номбурда ниҳолҳои навъи ардач шинонда шуда, барои сабзу хуррам намудани ҷӯйбори гулгаштҳо кормандони идораи кабудизоркунӣ атрофи ниҳолҳо побелу нарм менамоянд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дастур дод, ки обери ниҳолҳо ва бо пору таъмин намудани замин бояд тибқи талаботи агротехнологӣ ба роҳ монда шуда нисбати парвиришу нигоҳубини ниҳолҳои навшинондашуда назорати қатъӣ бурда шавад.  Ба Раиси шаҳри Хуҷанд масъулини идораи ободонӣ кабудизоркунӣ ва хоҷагию манзилӣ маълумот доданд, ки давоми рӯз дар мавзеҳои номбурда бештар аз ду ҳазор ниҳолҳои сӯзанбарги сояафкан шинонда хоҳад шуд.
Тибқи нақшаи мақомоти шаҳрдорӣ  дар маркази вилоят то санаи 1 мартисоли равон бештар 10 ҳазор ниҳолҳои сояафкану мевадор шинонда мешавад, ки барои боз ҳам ободу зебо гардидани шаҳр тибқи нақшаи эълон гардидани 300 рӯзи ободкорӣ бахшида ба 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Ҳамзамон тибқи нақшаи тасдиқгардидаи шаҳрдорӣ дар фасли баҳори имсола шаҳри бостонии Хуҷандро бештар 3 иллион гулу лолаҳои гуногуннавъ оро хоҳад дод.