(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Арт-галерияи «Сомониён» бозсозӣ мешавад.Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз бинои Арт галереяи давлатии «Сомониён» боздиди корӣ намуд. Бинои мазкур иншооти таърихию фарҳангӣ ба ҳисоб рафта, бунёди он ба асри 18-19 таалуқ дорад.
Дар қисми бино намоишгоҳи асарҳои рассомони вилоят гузошта шуда, қисми дигари он аз ҳуҷраҳои гуногун ва ҳаммоми қадима иборат аст.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми боздиди аз ҳолати имрӯзаи бинои мазкур зикр науд, ки тибқи дастури Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ қисме аз ин бино ба чойхона табдил дода шуда, барои фаъолияти чойхона шароит фароҳам оварда шавад.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки вобаста аз вазъи бино ва ҳуҷраҳои он қисми иншоот барои истифодаи умум қарор гирад, қисми дигарро ба макони таърихию этнографӣ табдил дода барои баланд бардоштани маърифати мардум таърихшиносии онҳо ва муаррифии таъриху анъанаҳои мардумӣ ба сайёҳон истифода бурдан мумкин аст. Барои ин бо машварати коршиносон ва мутахассисон вазъи имрӯзаи бинои мазкурро таҳлил санҷиш ва баррасӣ намуда, нақшаи корҳои барқарорсозӣ, тармим ва азнавсозиро ба анҷом расондан лозим аст. Барои анҷоми ин корҳо Раҷаббой Аҳмадзода ба мутахассисон ва масъулин то санаи 1 феврали соли равон мӯҳлат муқаррар намуд.
Ҳангоми шиносоии бо маҳалли атрофии бинои Арт галереяи «Сомониён» Раиси шаҳри Хуҷанд дастур дод,ки  дар ҳудуди ин бино доири ташкил намудани «Растаи ҳунармандону эҷодкорон» лоиҳаҳо пешниҳод гардида, бобати чароғонкунӣ ва ободкории мавзеи атрофи чораҳои мушаххас андешанд.