(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Боздиди Раиси шаҳр аз сохтмони биноҳои нави истиқоматӣ

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамароҳи масъулини соҳаи сохтмон ва меъморию шаҳрсозии шаҳр аз якчанд иншоотҳои навбунёди маркази вилоят дидан намуд.
ҶДММ «Иморатсоз» аз ҷумлаи ширкатҳои сохтмониест, ки дар яке аз мавзеҳои шаҳр 5 бинои истиқоматӣ ва кӯдакистону чойхона бунёд намуда истодааст.
Сохтмончиён ба Раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, ки ҳамарӯза барои  бунёди манзили нави сокинон ва чойхонаю кӯдакистон бештар аз 70 нафар ба кор машғул буда, кормандон сари вақт бо маоши хуб таъминанд. Музди миёнаи моҳонаи онҳо 1500 сомониро ташкил медиҳад. Барои бо сифати баланд анҷом додани корҳо аз масолеҳи сохтмонии босифат истифода гардида, муаллифони лоиҳа аз рафти корҳои сохтмонӣ ва иҷроиши талаботҳои лоиҳавӣ назорат мебаранд. Ширкат ният дорад дар нимсолаи аввали соли равон  қисми асосии биноҳои истиқоматиро ба истифода диҳад.Дар маҷмӯъ баъди мавриди истифода қарор гирифтани тамоми биноҳои баландошёна, ки аз 6- 7 қабат иборат аст, 300 ҳуҷраҳои истиқоматӣ ба истифода дода шавад.
Раиси шаҳри Хуҷанд вобаста ба тарҳу сохтмон ва ороиши  чойхонаи дар  ин мавзеъ бунёдшаванда таваҷҷӯҳ намуд. Таъкид гардид,ки чойхона бояд бо назардошти талаботҳои сохтмонӣ, ҳамчунин унсурҳои меъмории миллиро дар бар гирифта, барои сокинон чун маркази маърифату фароғат ва баргузории чорабинҳои маҳалла хизмат намояд. Дар мавриди бунёди боғчаи бачагон бошад, Раиси шаҳри Хуҷанд дастур дод то имконияти аз ду ошёна ба се ошёна табдил додани бинои боғча баррасӣ гардад. Дар ин сурат ин кӯдакистон имкон пайдо менамояд 100 нафар кӯдаконро ба таълиму тарбия фаро гирад.
Ҳамчунин соли равон нахустин маротиба сохтмони бинои 9 ошёна барои кормандони соҳаи иҷтимоӣ ва сохторҳои низомӣ аз ҳисоби буҷаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд оғоз мегардад. Ҳоло дар мавзеи сохтмони бино корҳои омодагии сохтмонӣ шурӯъ гардида, то интиҳои моҳи авали солиравон бештар аз 50 нафар сохтмончиён ба кор шурӯъ хоҳанд кард. Фармоишгари сохтмони мазкур Идораи сохтмони асосии шаҳр буда бунёди бино ба зиммаи Ширкати сохтмонии «Аъзам-Ю» гузошта шудааст. Раҷаббой Аҳмадзода ҳамчунин аз корҳои сохтмонии Ширкатҳои «Шӯҳрат» «Бурҷи кишвар» ва «Қамари албурс» низ дидан намуд.
Соли равон тибқи нақшаи дурнамои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар маркази вилоят  бештар аз 30 биноҳои истиқоматӣ ба истифода дода хоҳад шуд. Бунёди иншоотҳои гуногун, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ имкон дод, ки наздик 3 ҳазор шаҳрвандон бо ҷойи корӣ ва маоши хуб таъмин гарданд.