(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altҲамшаҳриёни азиз!
Мо бо соли 2015-уми мелодӣ, ки дар хотири мардуми Тоҷикистон ҳамчун соли заҳмати содиқонаву софдилона барои ободии Ватани азиз. амалӣ гардидани ҳадафҳои неки бунёдкорона ва дастовардҳои навбатии давлати соҳибистиқлоламон нақш хоҳад баст, хайрбод мегӯем ва соли нави 2016-уми мелодиро бо умеду орзуҳои нек ва нияту нақшаҳои нави созанда истиқбол мегирем.
Дар ин лаҳзаҳои идона ҳамаи Шумо сокинони Хуҷандшаҳрро бо фарорасии соли нави мелодии 2016 самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо тансиҳативу рӯзгори осуда, бахти пояндаву иқболи нек ва зиндагии пурфайзу бобаракатро орзу мекунам.
Бо ифтихор метавон зикр кард, ки соли 2015 барои сокинони Тоҷикистони азиз соли комёбиҳои бузург ва дастоварҳои назаррас буд. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба кишвари озоду обод ва мутамаддину пешрафта табдил ёфтааст. Маҳз дар заминаи кӯшишҳои пайваста ва фидокоронаи ин абармарди миллат давлати куҳанбунёди мо бо ҷилои нав эҳё гардид. Ҷиҳати қадршиносии корҳои неку писандидаи ин сарвари хирадманд Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як овоз дар ҳамраъйии тамоми мардуми шарифи кишвар Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат» -ро қабул кард ва хушбахтона он рӯзи гузашта ба имзо расид. Ин падидаи барои миллати тоҷик фараҳбахшро тамоми қишри ҷомеа бо хурсандию шодмонӣ пазируфт. Сокинони шаҳри бостонии Хуҷанд низ аз ин башорати неку пайғоми мунаввар шоду мамнун гардиданд.
Сокинони шаҳри Хуҷанд дар соли сипаригардидаистода- дар Соли оила, Соли рушди фарҳанг ва гулҳо, идомаи роҳҳои обод меҳнати пурсамар намуда, дар таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дар ин самт талош варзиданд.
Итминони комил дорем, ки дар соли 2016- соли ҷашнгирии 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватани азизамон боз ҳам шукуфонтар гардида, мардуми он дар фазои сулҳу субот корҳои созандаву бунёдкоронаро идома хоҳанд дод. Дар ин лаҳзаҳои фарорасии Соли нави 2016-и мелодӣ мо бояд дар хотир дошта бошем, ки дар такя ба неруи созандаи мардуми фарҳангиву таҳаммулгарои худ ҳамаи имконият ва неруи хешро ба хотири таҳкими озодиву истиқлоли Ватани аҷдодӣ, ҳифзи дастоварҳои он ва манфиатҳои давлату миллат сафарбар созем.
Бигзор, Соли нави мелодӣ, барои ҳар хонадони мардуми тоҷик соли сулҳу оромӣ, таҷаллии хуршеди орзуҳо, субҳи пурсафои саодат, файзу баракат ва пешрафту дастовардҳои навин гардад.
Бигзор дар қалби ҳар яки Шумо, ҳамшаҳриёни азиз, нури умеду боварӣ ба ояндаи нек шуълабор бошад ва шоҳроҳи зиндагиатон ҳамеша гулафшону сарсабз гардад.
Соли нави мелодӣ муборак!

 Раиси шаҳри Хуҷанд                                                Раҷаббой Аҳмадзода