(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

«Хуҷандатлас» шӯҳрати атласи тоҷикро боло бурданистПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади  эҳёи анъанаи суннатҳои мардумӣ ва ҳунармандӣ, инчунин таъмини талаботи сокинони мамлакат ба матои атласу адрас ба роҳбарияти шаҳру вилоят ва коргоҳи «Хуҷандатлас» дастуру супоришҳои мушаххас дода буд. Ҳамчунин ҳангоми боздиди кории худ аз корхонаи муштараки «ВЕТТОҶ» яке аз мавзӯҳои баррасишуда ин коркарди ашёи хом,- пилла дар коргоҳҳои маҳаллӣ буда барои густариши соҳаи саноати сабук, бештар намудани ҳаҷми истеҳсолоти коргоҳҳои коркарди маҳсулот ва истеҳсоли матои адрасу атлас ҳамзамон роҳандозии фаъолияти мутакобилан судманди корхонаҳои «ВЕТТОҶ» ва «Хуҷандатлас» буд.
Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи имрӯзаи коргоҳи «Хуҷандатлас» Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Ахмадзода дар ҳамроҳии роҳбарони вохидҳои сохторӣ, масъулини корхонаи коркарди пиллаи «ВЕТТОҶ» ба коргоҳи «Хуҷандатлас» омад. Имрӯз дар корхонаи «Хуҷандатлас» бинобар маҳдудияти ашёи хом абрешим теъдоди маҳдуди кормандон фаъолият доранд.
Лекин новобаста ба ин то имрӯз маҳз бо кӯшиши роҳбарияти корхона истеҳсоли беш аз 30 намуди беҳтарини атласи машҳури Хуҷанд имкон дошта, барои таҳияи нақшу намудҳои нави атлас  кор  идома дорад.
Дар баробари ин коргоҳ беҳтарин кормандону ҳунармандони атласбарорӣ аз қабили «Абрбандон», «Қаткушоён», «Йормачиён» ва бофандагонро ба кор ҷалб намуда сатҳу сифати атласи хуҷандиро нигоҳ медоранд.
Баъди шиносоӣ Раиси шаҳри Хуҷанд бо ҳайати масъулини Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, корхонаҳои номбурда, ва олими фарҳангшинос Наим Ҳакимов ҷаласаи корӣ доир намуд.
Дар машварати корӣ таъкид гардид,ки имрӯз барои таъмини фаъолияти мунтазами корхонаҳои «Хуҷандатлас» ва «ВЕТТОҶ» таъмини саривақтии онҳо бо ашёи хом, таҳияи  дурнамои муштарак, тарғиби атласи ватанӣ, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва тарғиботӣ бо мақсади ҷалби ҳар чӣ бештари харидорон ва ҳаводорони матои атлас  чораҳои мушаххас андешида шаванд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода баргузории фестивал-озмуни беҳтарн тарроҳон ва дӯзандагони либоси миллӣ бо истифодаи матои атласи истеҳсоли Хуҷандро мувофиқи мақсад донист. Барои ин ташкили мағозаҳои махсуси фурӯши матои атласи Хуҷанд дар шаҳрҳои Душанбе ва Қурғонтеппа дастур дода шуд.
Дар баробарии ин чанде аз пешниҳоди олими шинохта Наим Ҳакимов барои боло бурдани эътибори матои атлас чун як ҷузи арзиши модди миллати тоҷик қобили қабул ва дастгирӣ пазируфта шуд.