(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳр милитсионерони Хуҷандро бо ид табрик намуд.Кормандони шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд рӯзи милитсияи тоҷикро бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо танатана қайд намуданд. Дар ҷамъомади идона Раиси шаҳри Хуҷанд кули кормандони милитсияро бо ин иди касбӣ табрик намуда аз садоқату вафодории касбии ин ҳомиёни ватан сухан кард.
«Дар шаҳри Хуҷанд барои ҳифзи мардум аз ҷинояткорону вайронкунандагони қонун фаъолияти пурсамари мақомоти корҳои дохилаи шаҳр аз он дарак медиҳад, ки заминаҳои аввалини моддӣ барои ҳифзи зиндагии осоиштаи мардум фароҳам оварда шуда, ва дар ин соҳа тадриҷан кадрҳои соҳибмаълумоту ботаҷриба ба воя мерасиданд. Барои пойдории Тоҷикистони азизамон, аз ҷумла беҳтарин кормандони шӯъбаи корҳои дохилаи шаҳри Хуҷанд низ ҷони худро қурбон намуданд, ки хотираи онҳо дар дилҳои мо абадӣ боқӣ мемонад.
Дар назди милитсия вазифаҳои муҳиму масъулиятноки тақвияти низоми ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини осоишу амнияти онҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дар ин раванд вусъати беш аз пеши мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, аз ҷумла зуҳуроти барои ҳаёти ҷомеа таҳдидовар ва хатарнок ба мисли нашъамандӣ, пешгирии фаъолияти ташкилотҳои экстремистии динӣ меистанд. Ин нуқтаҳо дар баромадҳои Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилоят муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ алоҳида таъкиди худро ёфтаанд.
Соли равон мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалиётҳои махсус оиди дастгирнамоии ҷинояткорон-оилаи Раҳматовҳо дар шаҳри Хуҷанд фаъолона иштирок карда, ҷинояти чандинсолаи вазнинро ошкор ва барои ҷазои сазовор гирифтани ҷинояткорон мусоидат намуданд.
Ҳамчунин барои наҷот додани қатъи нафари қасди худкушӣ дошта, якчанд нафар кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Ёқубов Парвиз, Шарипов Алишер ва Раҳматов Фирӯз масъулияти баланд зоҳир намуда, вазифаи худро садоқатмандона иҷро намуданд.”
Баъдан дар лаҳзаи тантанавӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба 17 нафар кормандони милитсия, ки барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои мардум хизмати шоиста намудан бо ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонда шуданд.
Ҳамчунин барои наҷот додани шаҳрванди қасди худкушӣ дошта аз дарёи Сир Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба корманди милитсия Фирӯз Раҳматов тӯҳфаи хотиравӣ тақдим намуд.
Барои ҳозирон ва иштирокдорони ҷамъомади идона барномаи рангини консертӣ пешкаш карда шуд.