(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt

Аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Шумо мардуми шарафманди Хуҷандро ба муносибати фаро расидани Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош мегӯям.
Боиси хушбахтӣ ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодагари ормонҳои ҳазорсолаи мардуми тоҷик буда, самти инкишофи бебозгашти давлатдории миллати тоҷикро ба сӯи демократия ва бунёди давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ муайян намудааст. Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади олии ҳуқуқиест, ки сарнавишт ва роҳи пешрафти ояндаи халқу давлатро дар тӯли даҳсолаҳо ва ҳатто садсолаҳо муайян мекунад. Қабули Конститутсия ин воқеаи барҳақ таърихиву тақдирсоз буд. Мо бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба аҳли олам тавлиди давлати навини демократии ҳуқуқбунёду дунявиро бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ будани халқи кишварамонро эълом доштем. Президенти худро ҳамчун кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдории давлат, ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон дар шахсияти сарвари бо маънои томаш ҷонфидову халқпарвар ва некандешу ояндабин Эмомалӣ Раҳмон интихоб намудем.
Аз ин лиҳоз, солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи санаҳои тақдирсози халқу миллат ва кишвар – Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ барҳақ мавқеи хосаи ҳам сиёсӣ ва ҳам иҷтимоию маънавиро дорост. Мояи ифтихор аст, ки таҳлилгарони сатҳи ҷаҳонӣ Сарқонуни моро аз ҷумлаи демократитарин ва инсонпарваронатарин конститутсияҳо арзёбӣ намуданд ва имрӯз ҳам ин ақида тағйир наёфтааст. Зеро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши олӣ доштани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он, баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани халқро эътироф мекунад.
Дигаргуниҳои куллии ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангию маънавӣ, ки дар солҳои Истиқлолият ва баъди қабули Конститутсия ба вуқӯъ пайвастанд, шаҳодати дурусти роҳи интихобкардаи Тоҷикистон, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ва Сарвари давлат, азму иродаи матини халқ ва миллати тоҷик аст. Мисоли инро дар рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Хуҷанд – маркази маъмурии вилояти овозадори Суғд, як гӯшаи шукуфони Тоҷикистони соҳибистиқлол, дар азми сокинони сарбаланду меҳнатқаринаш баҳри ободии диёр, созандагию бунёдкорӣ, афзунгардонии иқтидори иқтисодии мамлакат ва беҳдошти сатҳи рӯзгор мушоҳида кардан мумкин аст.
Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки Тоҷикистонро дар саросари олам бо Конститутсияи тақдирсоз, мардуми заҳматпешаю меҳмоннавоз, бо табиати зебою афсонавӣ, обҳои зулол, кӯҳҳои осмонбӯс ва сиёсати сулҳҷӯёнаашон маълуму машҳур гардонданд. Ба шарофати истиқлолият ва тибқи Конститутсия мо соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем.
Бо шарофати истиқлолияти мамлакат чун дар тамоми гӯшаву канори кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол, дар қаламрави шаҳр низ бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, соҳаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ рушду таҳким ёфтанд.
Боиси ифтихор ва шукргузорист, ки имрӯз дар фазои сулҳу осоиш ва тинҷию амонӣ умр ба сар мебарему созандагӣ мекунем ва дар рушду нумӯи кишвари азизамон, эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ, ки рукни асосии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, саҳм мегирем. Чунин кафолатро ба мо Конститутсия – бахтномаи миллат додааст.
Итминони комил дорам, ки ҷавобан ба ғамхориву таваҷҷўҳи ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шумо ҳамшаҳриёни азиз, бо шаҳомату кўшиши дастҷамъона, саъю талоши пайваста барои ободии Ватани азизамон, барои таҳкими Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандории фарзандон, барои вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар хоки поки муқаддаси ватанамон саҳмгузор гардида, парчами Тоҷикистонро партавафшон менамоед.
Бо чунин ниятҳои нек бори дигар бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  сокинони Хуҷанди бостониро табрику муборакбод гуфта, ба Шумо пеш аз ҳама сиҳату саломатӣ, осмони софу беғубор, зиндагии бобарор  ва саодатмандию сарбаландии рӯзгорро  таманно менамоям.
Орзу мекунам, ки Ватанамон ҳамеша обод, эътибораш доимо афзун ва мардумонаш некрӯзу комрон бошад.
Ин ҷашни муқаддас муборак, ҳамдиёрони азиз!




Раиси шаҳри Хуҷанд                                                        Раҷаббой Аҳмадзода