(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Сокинони шаҳр барои зимистон маводи ғизо захира менамоянд.Бо максади паст намудани нархи маҳсулоти ғизо баргузории намоиш-фурӯши муваққатии маҳсулоти ниёзи аввала ва кишоварзӣ дар хиёбону майдонҳои шаҳри Хуҷанд рӯзҳои шанбе ба ҳукми анъана даромадааст.
Ааз субҳи барвақти имрӯз низ дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» намоши маҳсулоти кишоварзии деҳқонони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид. Деҳқонону фурӯшандагон ба харидорон маҳсулоти мевагию полезӣ аз қабили сабзию картошка, лаблабую биринҷ, пиёзу карам, ҳамчунин гӯшту равған ва дигар намуди маҳсулотро пешкаш намуданд.
Назар ба иттилои масъулини шӯъбаи иқтисод ва рушди савдо, тамоми маҳсулоти бо нархҳои то 20 фоиз арзон нисбати нархҳои бозорҳои шаҳр ва марказҳои савдо ба фурӯш гузошта шуда, кишоварзон ба ҳаҷми беш аз 100 тонна маҳсулоти хушсифатро ба фурӯш оварданд. Хоҳишмандон имкон доранд як килограмм гӯштро бо нархи 28 сомонӣ, сабзиро 80 дирамӣ, картошкаро 1сомонию 30 дирам, пиёзро бон архи 80 дирамӣ, як килограми  биринҷро бошад 6 сомонию 20 дирамӣ харидорӣ намоянд.
Лозим ба ёдоварист, ки ташкили ин намоиш-фурӯш барои таъмини дастрасии сокинон ба маҳсулоти ниёзи аввала бо нархҳои нисбатан паст буда, ҳамчунин ин тадбир имкон медиҳад, ки сокинони шаҳр барои мавсими зимистон маҳсулоти хурока захира намоянд.