(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Конфронси илмӣ бахшида ба “Рӯзи шаҳри Хуҷанд”Бахшида ба «Рӯзи шаҳри Хуҷанд» дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ конфронси илмӣ- амалӣ дар мавзӯи «Хуҷандшаҳр дар ҷодаи созандагӣ ва бунёдкорӣ», бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.
Қабл аз оғози кори конфронс Назира Ғаффорӣ ва Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳайати меҳмонон ва иштирокдорони конфронс аз дастоварди устодону донишҷӯёни ин муассисаи олӣ ошно шуданд. Дар конфронси илмӣ-амалӣ ҳамчунин мудири Шӯъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон Амиршо Раҳимов, директории филиали Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара Исмонхӯҷа Негматуллоев, олим-академик Ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон Салимов Носирҷон Юсуфович, намояндаҳои бародаршаьри Хуҷанд аз шаҳри Могилеви Ҷумҳурии  Белорус, ҷонишини раиси кумитаи иҷроияи шаҳри Белорус Александр Викторович Вераксо, директори генералии Сарраёсати муассисаҳои коммуналӣ Андрей Станиславович Кибалов, сарвари коргоҳи «Могилевзеленстрой» Петр Михайлович Алексейчиков, Замир Юсупов директори оҷонсии рушди муносибатҳои байналмиллалӣ ва муҳити тиҷоратӣ назди шаҳрдории  шаҳри Ош, Жаннат Эргашбаева мутахассиси оҷонсии рушди муносибатҳои байналмиллалӣ ва муҳити тиҷоратӣ назди шаҳрдории шаҳри Ош, Аскаралӣ Мирмахмедов намояндаи ваколатдори шаҳри Ош ва вилояти Ош дар вилояти Суғд ва дигар адибон, олимон аз донишгоњњои олии вилоят, кормандони васоити ахбори омма, донишҷўён иштирок намуданд.
Конфронсро директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ Дилафрӯз Сангинова ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо ин  санаи таърихӣ  муборакбод намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода нахустин шуда дар мавзӯи «Хуҷанд дар уфуқҳои тозаи рушду нумӯъ» маърӯза намуд.
Сипас муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ муборакбодии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба самъи ҳозирин расонд.
«Мақоми Хуҷанд дар таърих ва тамаддуни халқи тоҷик» чунин унвон дошт маърӯзаи илмии муаррих, профессор Назирҷон Турсунов. Номбурда доири саҳифаҳои муҳими таърихи Хуҷанди кӯҳан, осори тамаддуни ин шаҳр маълумот дод.
Раиси Шӯрои уламои дини вилоят, номзади илми суханшиносӣ Ҳоҷи Ҳусейн Мусозода бобати «Васфи Хуҷанд дар каломи аҳли маърифат» баромад намуд.
Маърӯзаи илмии олими маъруф, таърихшинос Ҷӯрабек Исомаддинов ба «Хуҷанд – маркази ҳунарҳои мардумӣ» бахшида шуда, он доири таърихи ҳунармандони шаҳр ва рушду хусусиятҳои он маърӯзаи пурмӯҳтаво намуд.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми иқтисод Гулбаҳор Турсунова дар мавриди дастовардҳои Хуҷанд дар даврони Истиқлолият баромад намуда, саҳми шаҳрро дар пешрафти кишвар назаррас хонд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷамъбасти чорабинӣ таъкид намуд, ки маҳз дастуру ҳидоят ва роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон барои муаррифии ин шаҳр ва ободии он нақши муассир дорад.
Дар назди ҳозирин ҳамчунин меҳмонон аз ҷумҳуриҳои Белорус, Қирғизистон ва вилояти Хатлон  баромад намуда, табрикоти ҳайати намояндагиро ба шаҳрдорӣ расониданд.