(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Баҳри густариши дӯстии ҷавонон Рӯзҳои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии славянии Русия-Тоҷикистон дар шаҳри ХуҷандБахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва дар доираи бист рӯзи ҷавонӣ рӯзҳои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии славянии Русия-Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Дар даромадгоҳи шаҳри Хуҷанд, назди Маркази савдои “Хуршед”-и маҳаллаи Пахтакор санаи 8-уми майи соли равон гурӯҳи омӯзгорон ва донишҷӯёнро таҳти роҳбарии ректори Донишгоҳи давлатии славянии Русия-Тоҷикистон Нуралӣ Солеҳов Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ва ҳамроҳонаш бо тантана ва бо нону намак пешвоз гирифтанд.

Р.Каримов баъди тантанаи пешвоз онҳоро ба осоишгоҳи “Баҳористон”-и шаҳри Қайроққум даъват намуд.

Баҳри густариши дӯстии ҷавонон Рӯзҳои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии славянии Русия-Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд

Дар доираи чорабиниҳои ба нақша гирифташуда, бегоҳи ҳамон рӯз дар назди Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ консерти муштараки идона таҳти унвони “Аз Душанбе то Хуҷанд”  баргузор гардид. Дар он Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ва меҳмонон иштирок намуданд.

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии славянии Русия-Тоҷикистон ва сарояндагони ҷавони шаҳри Хуҷанд ҳунарнамоӣ карданд. Бахусус, сурудҳои ҷаззоби “Дилбарам” дар иҷрои дуэти Дилшод-Парвиз, “Эх, дороги” ва “Смугляна” дар иҷрои ансамбли “Славяне”, “Зебосанам” дар иҷрои Ҷунайд, дар рақс ансамбли “Парасту”-и Донишгоҳи славянӣ ва “Ҳавас-ҳавас” дар иҷрои сароянда Икром Исломӣ, “Оташи ишқ” дар иҷрои Мӯҳсинҷон Аҳмадов хубу хотирмон буданд.

Консерт бо суруди машҳури “Республикаи ман” дар иҷрои донишҷӯёни Донишгоҳи славянӣ ба анҷом расид. Меҳмонон таасуроти хуби худро аз меҳмоннавозии хуҷандиён бо самимият изҳор намуданд. Вақте барномаи консертӣ поён ёфт, шом фаро расида буд. Пардаи торикӣ ҳама ҷоро пӯшонида буд, аммо одамон бе ягон хел саросемагӣ, баръакс бо хотирҷамъию осудагӣ ва рӯҳи болида оҳиста-оҳиста қадамзанон сайругашти худро идома медоданд, зеро пойдории сулҳ дар Тоҷикистони азизи мо сокинони онро дилпур гардонидааст ва онҳо метавонанд бемалол ҳатто шабона низ ба сайругашт бароянд.

Чорабиниҳои рӯзи дигари Рӯзҳои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии славянии Русия-Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба санаи 9-уми май, таҷлили 68-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 рост омад. Субҳи ҳамон рӯз намояндагони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи давлатии славянии Русия-Тоҷикистон дар майдони ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ гулчанбар гузоштанд ва майдони Регистони Панҷшанберо тамошо карданд.

Баҳри густариши дӯстии ҷавонон Рӯзҳои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии славянии Русия-Тоҷикистон дар шаҳри ХуҷандНамояндагони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва меҳмонон ба Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, осорхонаю чойхонаи тозабунёду овозадорро тамошо карданд ва бо як ҷаҳон таассуроти хушу нек ба шаҳри Хуҷанд баргаштанд.

Шоми ҳамон рӯз дар тарабхонаи “Боғи Ирам” барномаи ҳунарии “Шоми ҷавонӣ” баргузор гардид. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов меҳмононро хайрамақдам гуфт ва иброз дошт, ки ба шарофати ба истифода додани роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, ки рафтуомад барои мардум бемалол гаштааст, вусъат додани чунин чорабиниҳо аз манфиат холӣ нахоҳад буд.

Ҳамасола ташкил намудани ин гуна барномаҳои фарҳангӣ муносибати донишҷӯёну ҷавонони шаҳрҳои Хуҷанду Душанберо қавитар мегардонад ва ба дӯстии онҳо заминаи мустаҳкам мегузорад. Ҳамчунин, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ғафурҷон Усмонов ва ректори Донишгоҳи давлатии славянии Русия-Тоҷикистон Нуралӣ Солеҳов низ баромад намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Ғалаба ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборакбод гуфтанд ва давом додани чунин барномаҳои фарҳангиро қобили қабул дониста, пешниҳод карданд, ки мубодилаи олимони ҷавони донишгоҳҳо қавитар гарданд.

Баҳри густариши дӯстии ҷавонон Рӯзҳои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии славянии Русия-Тоҷикистон дар шаҳри ХуҷандБаъди анҷоми қисми расмӣ қисми адабии “Шоми ҷавонӣ” оғоз гардид. Дар он донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии славянии Русия-Тоҷикистон ва сарояндагони ҷавони шаҳри Хуҷанд ҳунарнамоӣ карданд.

Умуман, Рӯзҳои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии славянии Русия-Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо шукӯҳу шаҳомати хосса гузаронида шуд ва субҳи 10-уми май намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд меҳмононро ба шаҳри Душанбе гусел карданд.