(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раиси шаҳр бо хонандагони мактаб мулоқот намуд.

Бо максади шиносоӣ аз вазъи таълиму тарбия, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, риояи талаботи либоси мактабӣ ва шароити мактабҳои шаҳр имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз се макотиби шаҳр дидан намуд.
Дар мактаби таҳслоти умумии № 28 зиёда аз 800 нафар толибилмон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Раиси шаҳр аз ҳолати синфхонаҳои мактаб вазъи риояи либоси ягонаи мактабӣ, иштироки хонандагон ба дарс изҳори қаноатимандӣ намуда, доири омодагӣ ба зимистонгузаронӣ таваҷҷӯҳ намуд. Назар ба маълумоти роҳбарияти мактаб алҳол ин муассисаи таълимӣ системаи гармидиҳии алоҳидаи худро надошта, таҳияи лоиҳа ва сохтмони буғхона ба нақша гирифта шудааст. Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд,ки  давоми як моҳ лоиҳаи системаи ягонаи гармидиҳии мактаб омода карда шуда, ин масъала бояд дар ҳамин мавсими зимистонгузаронӣ ҳалли худро ёбад. Дар мактаби таҳсилоти умумии № 18 бошад  Раиси шаҳри Хуҷанд аз рафти корҳои таъмиру азнавсозии як қисми бинои мактаби номбурда шиносгардид. Мактаб бинобар набудани имконият танҳо наздик 400 нафархонандагонро ба таҳсил фаро гирифтааст. Ҳоло таъмири синфхонаи “Омодагии ҳарбӣ”, бунгоҳи тиббӣ, қисме аз боми бинои мактаб идома дорад, ки баъдан имкони қабули беш аз ҳазор хонанда фароҳам хоҳад омад. Раиси шаҳри Хуҷанд таъкид намуд, ки барои фароҳам овардани шароит мақомоти маҳаллӣ тамоми имконоти худро истифода хоҳад кард.
Дар мактаби таҳсилоти умумии № 2 ,ки яке аз мактабҳои калонтарини шаҳр маҳсуб меёбад ба 1190 муҳассилин наздик 70 нафар омӯзгорон дарс мегӯянд.Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки бояд дар соли хониши нав ҳайати омӯзгорон ва хонандагони ин мактаб натиҷаҳои худро дар самти иштирок дар олимпиадаҳо, теъдоди дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии олӣ ва касбӣ беҳтар намоянд.
Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми боздиди худ аз ин мактабҳо бо хонандагони синну соли гуногун сӯҳбат намуда, таъкид дошт, ки тамоми кушишу ғайрати онҳо бояд барои таълиму донишандӯзӣ, баланд гаштани маърифати ватандорӣ ва хештаншиносӣ равона шуда бошад.
“Имрӯз мақсад аз таваҷҷӯҳи хоса ва бештари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф, аз он  иборат аст, ки ҳар яки Шумо чун фарзандони вафодори ватан ба воя расида, барои ободии ин кишвари азизамон саҳми худро гузоред.” зикр намуд Раиси шаҳри Хуҷанд. Ҳамчунин Раҷаббой Аҳмадзода ба хонандагон таъкид намуд, ки тариқи интернету сомонаҳои хориҷӣ фирефтаи ҳар гуна ақидаҳои бегона нашаванд, ба ваъдаҳои нафароне, ки аз кишварҳои араб ба ҳар роҳу амалҳои террористӣ, ҷангу хунрезӣ даъват мекунанд, фирефта нашаванд.
“Зеро мақсади ҳамаи онҳо танҳо ба ҷангу вайронӣ овардан ва халалдор намудани оромию осоиштагии диёрамон аст”,- илова намуд Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода.