(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Таҷлил: ФАХРИ  ИМРӮЗУ  ФАРДОИ  ВАТАН68-умин солгарди Fалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар Тоҷикистони соҳибихтиёр чун дар 14 ҷумҳурии пасошӯравӣ бошукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.

Субҳи рӯзи панҷшанбе, санаи 9-уми май садҳо нафар шаҳрвандон-собиқадорони ҷангу меҳнат, кормандони соҳоти мухталифи хоҷагии халқ дар назди Ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ гирд омада, қаҳрамониву корнамоиҳои бемисли ҷанговарон, минҷумла, шаҳидони ҷангро бо некӣ ба хотир оварданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ва раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Алиҷон Солиев нахуст зери пояи ёдгорӣ гулчанбар гузоштанд. Ҳамзамон, ҷамъомадагони дигар низ бо гузоштани гулу гулчанбарҳо хотири шаҳидони ҶБВ-ро пос доштанд.

 

Таҷлил: ФАХРИ  ИМРӮЗУ  ФАРДОИ  ВАТАНДар чойхонаи миллии «Сирдарё» баҳри иштирокдорони ҶБВ, заҳматкашони ақибгоҳ ва собиқадорони меҳнат дастархони идона ороста шуд.

Раиси шаҳр Раҷаббой Каримов нахуст ҳозиринро бо солгарди 68-умини Fалабаи бузург табрик намуда, зикр кард, ки корнамоиҳои падару бобоёни мо намунаи олии ибрат ва тарбияи насли имрӯз, бахусус, наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ маҳсуб мешавад.

Дар фарҷоми сухани муборакбодӣ Раиси шаҳр ба ду нафар собиқадорони меҳнат Муҳаммадҷон Тошматов ва Эҳсонҷон Ҳошимов шаҳодатномаи гирандаи нафақаи аҳамияти ҷумҳуриявидоштаро супорид.

Аҳли санъат бо суруду таронаҳои рӯҳнавоз табъи ҷамъомадагонро болида доштанд. Дар охир ба кулли иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ тӯҳфаҳои МИҲД-и шаҳр супорида шуданд.

Таҷлил: ФАХРИ  ИМРӮЗУ  ФАРДОИ  ВАТАН

Бояд қайд намуд, ки дар ин рӯз бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва иқдоми наҷиби соҳибкор Ҳаётой Шоҳмуродова хатнасури 14 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд гузаронида шуда, барояшон тӯҳфаҳои хотиравӣ, аз қабили аробача ва бозичаҳои бачагона тақдим гардиданд.