(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Зуҳуроти коррупсионӣ – зарба ба давлат аст

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, Сардори,бахши ташкили назоратии Агенти назорати давлатии молия ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Дилшод Зарифов, прокурори шаҳри Хуҷанд Арабшо Солизода бо сарварони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маҷлис доир намуданд, ки аз вохӯрии Директори Агентии назорати давлатии молия ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо фаъолони вилояти Суғд сарчашма мегирад.
Дар оғоз Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода аз боби волоияти қонун, «Стратегияи миллии мубориза алайҳи коррупсия барои солҳои 2013-2020» сухан карда, арз дошт, ки ҳама гуна амали коррупсионӣ кирдори ҷиноятӣ буда, он аз ҷониби мақомоти ҳуқуқ ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Баҳри пешгирии чунин кирдори номатлуб,-идома дод суханашро Раиси шаҳр,- чанд рӯз муқаддам намояндаи ваколатдори Агентии ҷумҳуриявӣ Рустами Эмомалӣ ва ёрдамчии Президенти кишвар оид ба сиёсати кадрҳо Асатуллои Раҳмон дар миқёси вилояти Суғд чунин вохӯриро доир карда, омилҳои сар задани чунин кирдори номатлубро ифода карда, тақозо доштанд, ки амали коррупсионӣ ҷиноят ба давлат аст.
Дилшод Зарифов зуҳуроти коррупсиониро амали хавфнок ҳисобида, арз намуд, ки ришвадиҳанда ва ришвахӯр агар манфиат бинанд, зарари он ба давлат мерасад. Вай таҳлил намуд, ки ин амали номатлуб вусъат ёфта истодааст, ки боиси нигаронӣ мебошад. Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд аз 110 корхонаи тафтишшуда, 20,5 миллион сомонӣ ба манфиати буҷа рӯёнида шуд.
Арабшо Солизода ба аҳли толор муроҷиатан арз кард, ки имрӯз инсоният  дар қатори дучор шуданаш ба экстремизм, терроризм, буҳрони иқтисодӣ, дучори коррупсия низ аст. Коррупсия муаммои давр буда, ҳанӯз соли 2003 СММ Конвенсияи мубориза бар зидди коррупсияро ба тасвиб расонид, ки ба он Президенти кишвари мо Эмомалӣ Раҳмон низ имзо гузоштааст. Мо ҳама ин ҷо ҷамъомадагон намояндагони давлатем, аз ин рӯ, муборизаро алайҳи ришваситониву ришвадиҳӣ бояд пурзӯр намоем.
Баъдан, Раиси шаҳр ба ҳозирин супориш дод, ки дар пештоқи корхонаву муассисаҳо шиорҳо бо мазмуни мубориза бо коррупсия овехта ё насб карда шаванд. Комиссияҳои ҷамъиятӣ таъсис дода шаванд, то аъзои он қонунҳоро ба аҳолӣ ва шахсони мансабдор фаҳмонда, пеши роҳи чунин ҷиноятҳоро бигиранд.
Ҷамъомад бо ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.